Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Димнаи ХАЙРОБОДТЕППА

ХАЙРОБОДТЕППА, димнаи мансуб ба давраи ғуломдорӣ (асри 3 то мелод асри 3 м.), ки 30 км шимолтари шаҳри Тирмиз, 800 м ғарбтари деҳаи Ангор воқеъ аст. Хайрободтеппаро соли 1948 археолог Л. И. Албаум кашф кард ва он солҳои 1953—55 тадқиқ шуд. Аз Хайрободтеппа дастос, курсӣ, бозичаҳои устухонӣ, зарфу маснуоти сафолии …

Муфассал »

Деҳаи ХАЙРОБОД

ХАЙРОБОД, деҳаест дар совети қишлоқи Дардари раёни Айнӣ, вилояти Ленинобод. Дар ҳудуди колхози ба номи Я. М. Свердлов. Аз деҳа то район 22 км. Соҳаҳои хоҷагиаш ғаллакорӣ, тамоку ва сабзавоткорӣ ва кирмаку чорводорист.

Муфассал »

Деҳаи ХАЙРКОРОН

ХАЙРКОРОН, деҳаест дар совети қишлоқи Шӯроободи раёни Ленинград, вилояти Кӯлоб. Дар ҳудуди совхози ба номи М. ,В. Фрунзе. Аз деҳа то район 78 км. Соҳаи асосии хоҷагиаш чорводорюст.

Муфассал »

ХАЙР ва ШАР

ХАЙР ва ШАР, аз мафҳуасҳоп муҳими фалсафаи амалии Шарқ буда, дар таърихи афкори маънавии тоҷикон нақши равшане дорад: дар таълимоти зардуштия ва монавия муҳимтарин категорияи ахлоқист. Дар Авесто ҳамаи мавҷудот ба ду қутби муқобил — олами хайру олами шар тақсим шуда, рамзи олами хайр нур ва олами шар зулмат дониста …

Муфассал »

ХАЙЗУРОН

taboshir

ХАЙЗУРОН, хайзарон, хизурон, найи ҳиндӣ, табошир, бомбу, бомбук, як навъ гиёҳи хӯшадори дарахтмонандест, ки аз он табошир мегиранд; як ҷинс (Ваmbusa) ва зероилаи гиёҳҳои яксола ва бисёрсолаи хӯшадор — хайзурониҳо (Ваmbusoidae)-ро гӯянд. Аксари ҳайзурониҳо реша, поя доранд. Пояи онҳо одатан чӯбмонанд ва банд-банд мешавад. Хайзурониҳои Америкаи Ҷанубӣ (Ваmbusa) то 30 …

Муфассал »