Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ХАРДУМА

ХАРДУМА, 1) хардумак (Dastulis- glomerata), гиёҳи бисёрсолаест аз оилаи хӯшаиҳо. Пояаш сахту рост (тақрибан 1 м), сербарг. Дар Тоҷикистон хардумаҳои худрӯй ҷузъи таркибии набототи гуногуни ноҳияҳои кӯҳсор (1100—2800 м аз сатҳи баҳр) ҳисоб меёбад. Дар қисми марказии қаторкӯҳи Ҳисор, нишебиҳои шимоли кӯҳи Рангон ва мавзеи Ховалинг марғзорҳои калони хардума ҳастанд. …

Муфассал »

ХАРГУШӢ

ХАРГУШӢ, Xаргӯшии I ва II, қабристони мансуб ба асрҳои 5—3 то м., ки ҷанубу —шарқтари деҳаи Харгӯшии раёни Ишкошими ВАБК воқеъ аст. Xаргушии 1-ро бостоншиносон А. Н. Бернштам (1948) ва Б. А. Литвинскпй (11959) тадқиқ намудаанд. Аз он 11 пушта кушода шуд. Андозаи пушта ва қабрҳои Xаргуши, гуногун буда, дар …

Муфассал »

ХАРБУЗАҚОҚ

xarbuza

ХАРБУЗАҚОҚ, қоқи харбуза, карчҳои бепӯчоқи харбузаро гӯянд, ки дар офтоб хушконидаанд. Аз навъҳои сергӯшту сершираи харбузаҳои тобистонӣ ва тирамоқӣ тайёр мекунанд. Бӯи хуш дорад. Қоқи навъҳои харбузаи беҳзодӣ, амирӣ, баргӣ, нонгӯшт, гулобии зард, шаббози, умрбоқӣ ва харбузаи лалмӣ аз 16 то 65 фоиз қанд дорад. Xарбуза аз қадим баробари мавиз, …

Муфассал »

ХАРБУЗА

xarbuza1

ХАРБУЗА, биттих (Меlо заtivus), растании яксолаи полизист аз оилаи кадуиҳо. Палакаш дароз, баргаш калони яклухт ё панҷашакл, гулаш ҷудоҷинса, баъзан дуҷинса (ҳашарот гардолуд мекунад), ҳосилаш сертухми гуногуншакл (дарозиаш. аз 4 см то 2 м, вазнаш вобаста ба навъ аз 200 г то 16 кг). Xарбуза 5,5—6 ҳазор сол пеш дар …

Муфассал »

Деҳаи ХАРАНГОНИ БОЛО

ХАРАНГОНИ БОЛО, деҳаест дар овети қишлоқи Айнии раёни Ленини РСС Тоҷикистон. Дар ҳудуди совхози «Қоминтерн». Аз деҳа то маркази район 42 км. Дар ҳудуди деҳа лагерҳои пионерии «Лола» ва «Сказка» ҷойгиранд, Соҳаҳои асосии хоҷагиаш ғаллакорӣ, боғдорӣ, чорводорӣ ва кирмакдорист.

Муфассал »