Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ХАЛҚИ СОВЕТӢ

xalki-soveti

ХАЛҚИ СОВЕТӢ, умумияти сифатан нави таърихии иҷтимоию интернасионалии одамони СССР, ки ба умумияти Ватани сосиалистӣ, иқтисодиёти сосиалистӣ, таркиби иҷтимоию синфӣ, ҷаҳонбинии марксистию ленинӣ ва мақсаду мароми ягона — сохтмони коммунизм асос ёфтааст; аввалии бор дар таърих дар натиҷаи дигаргуниҳои сосиалнстӣ дар заминаи ба ҳам наздик шудани ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ баробарии …

Муфассал »

ХАЛҚИЯТ

xalk

ХАЛҚИЯТ, умумияти таърихан ташаккулёфтаи забонӣ, территориявӣ, иқтисодӣ ва мадании одамонро гӯянд, ки пеш аз миллат ба вуҷуд меояд. Ташаккули халқият аз давраи муттаҳидшавии қабилаҳо ибтидо мегирад. Он дар натиҷаи омезиши қабилаҳо ба вуқӯъ омада, алоқаи хешутабории одамон ба робитаи территориявӣ табдил меёбад. Xалқият одатан аз чанд қабилаи аз ҷиҳати пайдоиш …

Муфассал »

ХАЛҚ

xalk

ХАЛҚ 1) дар маънои васеъ тамоми аҳолии мамлакати муайянро гӯянд. 2) Дар материализми таърихӣ умумияти иҷтимоию синфии одамонро гӯянд, ки дар марҳилаҳои гуногуни инкишофи таърихӣ аз рӯи мавқеи объективиашон дар ҳалли вазифаҳои инкишофи прогрессивии ҷамъият иштирок карда, худ эҷодкори таърих, қувваи асосии дигаргунсозандаи ҷамъият мебошанд. Марксизмленинизм аввалин бор роли оммаи …

Муфассал »

ХАМИР

xamir

ХАМИР, орди ғаллаи маҳлулшуда бо обу намакро гӯянд, ки аз он хелҳои гуногуни нон ва дигар ғизоҳои хамирӣ мепазанд. Ба хамири нон хамиртуруш меандозанд. Хамири туппа, угро, тушбера, манту, санбӯса ва ғайра хамиртуруш надорад. Адабиёт: Таджики Каратегина и Парваза, в. 2, Душанбе, 1970. М. Хомидҷонова.

Муфассал »

ХАР

xar

ХАР, маркаб, дарозгӯш (Еquus Аsinus), ҳайвонест тоқасум (аз ҷинси асп). Хари ваҳшӣ дар Африка (хари нубиягӣ ва сомалигӣ) ва Осиё (гӯр ё гӯрхар, онагр, киянг) вомехӯрад. Xар ҳайвони маъмули хонагист. Се гурӯҳи зоти хар маълум аст: 1. Хари хурдҷуссаи Африка ва Осиё (қадаш 80—105 см); зоти харҳои ин гурӯҳро дар …

Муфассал »