Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ХАТИ ГИРЕҲҲО

ХАТИ ГИРЕҲҲО, дар астрономия, хати ростест, ки гиреҳҳои мадори осмониро ба ҳам мепайвандад; ҳамвории мадор ва эклиптика ин хати ростро бурида мегузаранд.

Муфассал »

ХАТИ БОХТАРӢ

ХАТИ БОХТАРӢ, хатест, ки аз ои барои сабти осори забони бохтарӣ истифода шудааст. Дар асоси хати юнонӣ ба вуҷуд омадааст. 25 аломат дорад. Барои ифодаи овозҳои дар забони юнонӣ вуҷуд надошта дар асоси ҳарфҳои юнонӣ баъзе аломатҳои дигар ихтироъ шуданд. Ду шакли хати бохтарӣ— ороста ва шикаста маълум аст. Дар …

Муфассал »

ХАТИ АВЕСТО

avesto

ХАТИ АВЕСТО, дин-дабира, хати Занд, хатест, ки тақрибан дар асрҳои 3—4 дар асоси хати паҳлавӣ ихтироъ гардида, барои сабти Авесто истифода шудааст. Мувофиқи ривоятҳо ва анъанаи дини зардуштӣ Авесто пеш аз ҳуҷуми Искандари Мақдунӣ бо хати заррин рӯи 12000 пӯсти гов навишта шуда будааст. Вале маълум нест, ки Авесто ба …

Муфассал »

ХАТИ АРМАНӢ

ХАТИ АРМАНӢ, хати овозиест, ки сарроҳиб Месроп Маштоци (361— 440) тақрибан солҳои 405—406 дар асоси хати юнони (византиягӣ) ва оромии шимолӣ ихтироъ карда буд. Алифбои ин хат 36 ҳарфро дар бар мегирифт. Тартиби ҷойгирии ҳарфҳо ба алифбои юнонӣ мувофиқат мекард. Дар асри 12 ба Xати арманӣ боз ду ҳарфи нав …

Муфассал »

«ХАТАРИ ТАҲЛУКА ВА ЧОРАҲОИ ПЕШГИРӢ КАРДАНИ ОН» – асари В. И. Ленин

«ХАТАРИ ТАҲЛУКА ВА ЧОРАҲОИ ПЕШГИРӢ КАРДАНИ ОН», асари В. И. Ленин, ки 10—14 сентябри 1917 дар пинҳонкорӣ дар Гельсингфорс (Финляндия) навишта шуда, охири октябри 1917 дар нашриёти «Прибой» ҳамчун китобчаи алоҳида аз чоп баромад. В. И. Ленин дар он платформаи иқтисодии Партияи болшевиконро дар арафаи Револютсияи Кабири Сосиалистии Октябр асоснок …

Муфассал »