Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ХАТИ ПАҲЛАВӢ

ХАТИ ПАҲЛАВӢ, як навъи хат, ки дар асоси яке аз шохаҳои хати оромӣ тақрибан дар асри 3 сохта шуда, дар забони форсии миёна (паҳлавӣ), сабти катибаҳо, осори хаттии ин забон истифода мегардид. Xати паҳлавӣ дар аввал дорои 22 аломат буд. Вале баъдтар дар хати зуднавис (курсив) шакли ҳарфҳо ба якдигар …

Муфассал »

ХАТИ МОНАВӢ

xattt

ХАТИ МОНАВӢ, хатест, аз он барои сабти осори Монӣ ва пайравони ӯ истифода бурданд. Дар асоси шохаи палмирии хати оромӣ ба вуҷуд омада, 22 ҳарфи асосӣ ва 7-то иловагиро дар бар мегирифт. Орфографияи хати монавӣ табиатан фонетикӣ буд, яъне калимаҳо мувофиқи талаффузашон навишта мешуданд. Ҳузворишҳо вуҷуд надоштанд. Барои мутобиқ кардани …

Муфассал »

ХАТИ ОРОМӢ

ХАТИ ОРОМӢ, хатест, ки танҳо аз овозҳои ҳамсадо иборат буда, 22 ҳарф дошт. Аввали ҳазораи 1 то мелод дар заминаи хати финиқӣ дар ҷамоаи қабилаҳои ғарбии сомӣ — оромиҳо пайдо шудааст. Қадимтарин осори хати оромӣ навиштаҷоти Бар-Ҳадод аз Сурияи Шимолӣ (асри 9 то мелод) ва Зокир аз Ҳамо (тақрибан соли …

Муфассал »

ХАТИ МИСРӢ

meroitic

ХАТИ МИСРӢ, яке аз қадимтарии хатҳои дунёст, ки шаклҳои иеро глифӣ, иератикӣ (динӣ, муқаддас) ва демотикӣ дошт. Шакли асосӣ ва қадимтарини хати мисрӣ иероглифҳо — аломатҳои тасвири одамон, ҳайвонот, рустаниҳо, биноҳо ва ашёи дигар буданд. Аксар иероглифҳо маҷмӯи ду ё се ҳамсадо — фонограммаҳоро ифода мекарданд. Садонокҳо дар хати иероглифӣ …

Муфассал »

ХАТИ МЕХӢ

mexi

ХАТИ МЕХӢ, хатест, ки ба роҳи дар тахтачаҳои гилин кашидани хатчаҳои мехмонанд ба вуҷуд омада, дар Осиёи Пеш (давлати Шумер) маъмул буд. Он дар асоси ҳати тасвирӣ (пиктография) пайдо шудааст. Дар натиҷаи инкишофи минбаъдаи хати мехӣ аломатҳо (тасвирҳо) барои ифодаи ҳиҷоҳо истифода мешуданд ва дар ҳамин асос хатҳои ҳиҷоиву калимаӣ …

Муфассал »