Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Найду Сароҷини

2

Найду Сароҷини (13.02.1879, Ҳайдаробод — 02. 03. 1949, Лакҳнав), шоири ҳинду, иштирокчии ҳаракати миллии озодихоҳӣ. Аа оилаи бараҳман. Дар коллеҷҳои Лондон ва Кембриҷ тахсил кардааст. Ба забони англисӣ шеър менавишт. Найду дар қадамҳои аввалини эҷодӣ дар пайравии шоиронӣ бузурги англис, махсусан, намояндагони ҷараёни романтикии он шеър гуфтааст. Дар шеърҳои ин …

Муфассал »

Деҳаи Найдара

Найдара деҳаест дар Совети қишлоқ Эскигузари pайони Орҷоникидзеободи РСС Тоҷикистон. Территория колхози ба номи К. Исмои- лов. Аҳолиаш 225 нафар (1982), тоҷикон. Аз Найдара то маркази Совети қишлоқ 10 км; роҳаш асфалтпӯш. Деҳа мактаби миёна дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ—пахтакорӣ. Заминҳо ба воситаи насос аз дарёи Кофарниҳон обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

Най бар сари чашма

2

 1) оҳанг, суруди маросимии наврӯзист, ки дар асрҳои 5—6 тасниф шудааст. 2) Шӯъбаи овозӣ дар «Ҳаштмақом» ва «Понздаҳмақом». 3) Гӯшаи иловагии мусиқӣ дар қисматҳои созии шӯъбаҳои «Наврӯзи Бузург», «Наврӯзи Араб», «Наврӯзи хоро», ки то асрҳои 15—16 маъмул буд. Чун гӯшаи алҳидаи мусиқи дар «Дувоздаҳмақом» амал надорад.

Муфассал »

Най бар сари кисро

2

1) оҳанг, суруди маросимии наврӯзист. Аз таснифоти Борбади Марвӣ. 2) Шӯъбаи овозӣ дар «Понздаҳмақом» (мақоми «Дугоҳи сарф»). 3) Гӯшаи созӣ дар таркиби шӯъбаҳои «Бастанигор» ва «Наврӯзи хоро» («Дувоздаҳмақом»), ки барои пурратар шудани қисмати созии ин шӯъбаҳо истифода мешудааст.

Муфассал »

Най бар сари баҳор

2

1) оҳанг суруди маросимии наврӯзист. 2) Шӯъбаи созӣ дар «Ҳаштмақом». 3) Гӯшаи созӣ дар таркиби шӯъбаҳои «Наврӯзи сабо» ва «Наврӯзи Аҷам», ки то асрҳои 15—16 ба таври алоҳида иҷро мешудааст.

Муфассал »