Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Нахс

1

Нахс (ар. — хала), аломати бемориест, ки онро мариз чун ба узви худ халида шудани сузан ё сихи тез ҳис мекунад; баъзан он муттасил ва давомнок буда, гоҳо муддате да- вом мекунаду ором мегардад.

Муфассал »

Шаҳри Находка

1

Находка, шаҳрест (аз 1950) дар кишвари Приморияи РСФСР. Бандар дар халиҷи Находкаи баҳри Япония. Яке аз марказҳои калонтарини нақлиёт ва саноати моҳидории Шарқи Дур. Стансияи роҳи оҳан. Аҳолиаш 133ҳазор. нафар (1979). Дар Находка заводи таъмири киштӣ, фабрикаи қуттиҳои тунукагӣ, комбинати моҳӣ ҳаст, маснуоти оҳану бетонӣ истеҳсол карда мешавад. Омӯзишгоҳи баҳрнавардӣ, …

Муфассал »

Нахлиҳо

1

Нахлиҳо (Агесасеае ё Palme), оилаи растаниҳои дарахтмонанди якпаллагӣ. 240 ҷинси Нахлиҳо, ки қариб 3400 намудро дарбар мегирад, асо­сан дар тропика ва субтропика паҳн шудааст. Бисьёр намудҳои Нахлиҳо дар Осиё (Индонезия), Африка ва Аме­рикаи Ҷанубӣ, фақат 1 намуди онҳо (Chamac rops) дар Европа (Ис­пания, Франциян Ҷанубӣ) мерӯянд. Нахлиҳо аксаран шох намеронанд. …

Муфассал »

Нахлии Бухороӣ

Нахлии Бухороӣ (тақрибан 1581—86, Бухоро — тақрибан 1645 — 50, Балх), шоири тоҷик. Бо тахаллуси «Киромӣ» ҳам шеър гуфтааст. Дар зодгоҳаш хату савод баровард. Чанд муддат дар Мадраса таҳсил карда, аз илмҳои расмии замон баҳраманд гардид. Аз ҷавонӣ ба шеъргӯӣ пардохтааст. Нисорӣ дар «Музаккир-ул- аҳбоб» хабар медиҳад, ки «Мавлоно Нахлӣ …

Муфассал »

Деҳаи Нахимов

1

Нахимов, деҳаест дар Совети қишлоқи ба номи Калинини pайони Куйбышев, вилояти Қӯрғонтеппа. Территорияи колхози «Мо­сква». Аз Нахимов то маркази Совети қишлоқ 7 киллометр,то район 6 киллометр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 325 нафар (1982), тоҷикон. Де­ҳа мактаби ибтидоӣ, магазин дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ. Заминҳо аз деҳаи Вахш обёрӣ мешаванд.

Муфассал »