Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Қабристони Ниёзботӯр

1

Ниёзботӯр қабристон, ёдгории археологии ибтидои асри oҳан (асрҳои 4—3 то мелод) дар деҳаи Ниёзботури вилояти Фаргонаи РСС Ӯзбекистон. В. И. Козенкова соли 1956 дар Ниёзботӯр ҳафриёт гузаронид. Ниёзботӯр аз 9 пушта иборат буда, дарозии дар пушта 9— 14 м, бараш 4—5 м, андозаи гӯрҳои онҳо 190 X 60 X 50—70 …

Муфассал »

Деҳаи Ниёзбек

1

Ниёзбек, деҳа, маркази Совети қишлоқ Э. Шарифов, pайони Копибодом, вилояти Ленинобод. Территорияи колхози «Коммунизм». Аз Ниёзбек то маркази район 20 км, то стансияи роҳи о.ҳан «Маҳрам» 5 км; роҳ асфалт­пӯш. Аҳолиаш 4185 нафар (1982), ӯзбекҳо, тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, китобхона, клуб, таваллудхона, пункти тиббӣ, амбулатория, шӯъбаи алоқа, боғчаи бачаҳо, ошхонаю …

Муфассал »

Деҳаи Ниёзбегиён

1

Ниёзбегиён, деҳаест дар Совети қишлоқ Қальаи Сурх, pайони Ғарми РСС Тоҷикистон. Территорияи совхози «Қаротегин». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 4 км, то район 30 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 316 нафар (1982), тоҷикон. Мактаби ибтидоӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — чорводорӣ ва картошкаю тамокукорӣ. Заминҳо аз оби чашмаҳо обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

Нидои Бухороӣ

Нидои Бухороӣ Хоҷа Абдулкарим валади қозӣ Маҳ­муд ибни қозӣ Ихтиёр (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1605, Ҳиндустон), шоири тоҷики нимап дуюми асри 16. Дар Бухоро таваллуд ёфта, таҳсили илмро низ дар ҳамон ҷо гузаронидааст. Мувофиқи маълумоти «Тазкират-уш-шуаро»-и Мутрибӣ Нидоии Бухороӣ бо вуҷуди мартабаи баланд ва фазлу дониш табиатан шахси бисёр …

Муфассал »

Нидо дар илми бадеъ

2

Нидо дар илми бадеъ, яке аз санъатҳои бадеии маънавист. Ба сомеъ ва ё хонанда бо хитобҳои музтарибона ва бо ҳиссиёт муроҷиат кардани шоир Нидо мебошад. Тавассути он эҳсосоти ҳаячономези шоир ва қаҳрамони асари ӯ, баъзан ҳиссиёти хурсандӣ, ғазабу адоват иброз дошта мешавад. Масалан, нидои Маҷнун дар сари қабри падар дар …

Муфассал »