Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Нонпарел

0

Нонпарел (франс. nonpareille), номи шрифти матбаа, кегел, ки андозааш ба 6 пункт (2,25 мм) баробар аст. Нонпарел асосан барои чопи луғатҳо, маълумотномаҳо ва ғайра кор фармуда мешавад.

Муфассал »

Нонпар

0

Нонпар, нонпарак, м у х п а р, асбобест дар нонвой, ки бо он нонро пар мезананд. Нонпарро аз чӯб, чӯбу сим ва як даста пар (пари кабк, мурғ, мурғобӣ ва ғайра) месозанд. Баъд заволаро рост карда, ба рӯи он Нонпар мезананд, то ки нон ҳангоми пухтан надамад,рӯяш зебо башад.

Муфассал »

Нониус

0

Нониус, шкалаи ёрирасонест, ки тавассути он ҳиссаҳои тақсимоти шкалаи асосии асбоби ченкунандаро месанҷанд. Аз номи олими португалӣ Нониус Нувиш (P. Nunes) гирифта шудааст, ки аввалии бор арбоби ба Нониус монандро кор фармуда буд. Тимсоли Нониумҳои замонавиро математики фравсавӣ П. Верве пешниҳод кардааст, аз ҳамин сабаб Нониумро бештар вернер низ меноманд. …

Муфассал »

Нонгӯшт

0

Нонгӯшт, як навъ харбузаи миёнсолӣ. Тухмшакл, дарозиаш 28—36 см, вазнаш 5—8 кг. Пӯсташ сахт, суфтаи тӯрдор, равғаш сабзи баланд, ғафсии мағзаш 5—6 см, сафед, нарм, сершираи карсосӣ, хуштаъму хушбӯй, 3,6—10,7%’ қанд, (6,5—3,7% са­хароза) ва 10—14,7% моддаи хушк дорад. Баъди 38—95 рӯзи кишт мепазад. Аз ҳар га ба ҳисоби миёна 250—350 …

Муфассал »

Нон

0

Нон, яке аз таомҳои маъмули инсон. Мувофиқи маълумоти археологӣ тахмин кардан мумкин аст, ки истеъмоли донаҳои растаниҳои хӯшадор ҳанӯз 10—15 ҳазор сол муқаддам cap шудааст. Дар ин давра кашф гардидани оташ ва дасгос, инчунин хамир барои дар рӯи санги тафсон ё дар оташ пухта истеъмол намудани Нон шароит фароҳам овард. …

Муфассал »