Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Норматив

0

Норматив, ҳисобу китоби вақти корӣ, захираҳои моддӣ ва пулие, ки ҳангоми ба норма ва ба план гирифтан, идора кардани фаъолияти истеҳсолию хоҷагии корхона (иттиҳо­дия) ва ташкилотҳо истифода мешавад. Дар шакли натуралию аш­ёӣ ва арэзишӣ муайян шуда, бо бузургиҳои мутлақ ё нисбӣ ифода меёбад. Дар СССР Норматив дар ҳолатҳои зер амал …

Муфассал »

Норманнҳо

0

Норманнҳо (аз сканд. northman —одами шимолӣ), номи халқҳои Скандинавия дар давраҳои тохтутозашон (охири асри 8 — миёнаи асри 11 дар Европаи Ғарбӣ. Дар худи Скан­динавия Норманнҳоро викингҳо ва дар Руси Қадим варягҳо меномиданд.

Муфассал »

Нормал

Нормал (франс. normal, аз лот. normalis — рост), хати ростест, ки ба расандаи ягон нуқтаи хати кач (ё ба ҳамвории расандаи сатх) перпенди­куляр мебошад. Хати каҷи ҳамвор дар ҳар нуқтааш як Нормал дорад, ки дар ҳамвории хати каҷ мехобад. Агар х = f(t) ва у = g(t) муодилаҳои па­раметрии хати …

Муфассал »

Нормаи ҳуқуқ

0

Нормаи ҳуқуқ, қоидаи рафтори ҷамъиятиест, ки аз тарафи давлат муқаррар шуда, барои ҳама ҳатми мебошад. Нормаи ҳуқуқ чун тамоми ҳуқуқ муносибатҳои муайяни ҷамъиятири ба манфиати синфи ҳукмрон инкишоф медиҳад. Нормаи ҳуқуқро органҳои ваколатдори давлатӣ мууқаррар менамоянд. Нормаи ҳуқуқ аз 3 қисм — гипотеза (муайян намудани шартҳoe, ки чун дастур истифода …

Муфассал »

Нормаи кишт

0

Нормаи кишт, меъёри муайяни кишти тухмист ба 1 га. Нормаи кишт ба навъи зироат, ҳосилхезии замин, тухмӣ, мӯҳлат, усулҳои кишт ва ғайра вобаста аст. Нормаи кишти як намуди зироат низ гу­ногун шуданаш мумкин. Macолан, Нормаи кишти зироати силосбоб назар ба зироати ғалла зиёд аст. Нормаи кишт барои ноҳияҳои шимоли СССР …

Муфассал »