Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Нукуалофа

0

Нукуалофа (Nukualofa), пойтахти давлати Тонга. Аҳолиаш зиёда аз 25 ҳазор нафар (1980) . Бандар дар ҷазираи Тонгатабу, дар қисми ғарбии уқёнуси Ором. Ба воситаи бандари Нукуалофи ба хориҷа донаки нахл ва банан бароварда мешавад.

Муфассал »

Нуклунҳо

0

Нуклунҳо, нуклеонҳо, номи умумии протонҳову нейтронҳост, яъне зарраҳое, ки ядрои атомро ташкил медиҳаид. Ниг. низ Нейтрон, Протон.

Муфассал »

Нуклеус

0

Нуклеус (лот. nucleus—гулӯла), пораи санги чақмоқ ё навъи дигари санг, ки аз он олоти сангӣ тайёр карда мешуд. Барои давраҳои Нуклеус ва пораи он палеолит, мезолит, неолит ва энео­лит хос аст.

Муфассал »

Нуклеотидҳо

0

Нуклеотидҳо, нуклеозид-фосфатҳо, моддаҳое, ки кислотаҳои нуклеат, аксари коферментҳо ва дигар пайвастҳои фаъоли биологӣ аз онхо таркиб ёфтаанд. Таркиби ҳар як нуклеотид аз асоси нитрогенӣ (одатан пуринӣ ё пиримидинӣ), ангиштоб (рибозаҳо ё дезоксирибозаҳо) ва боқимондаи кислотаи фосфат иборат аст. Нуклеотидҳо дар бисёр просессҳои мубодилаи моддаҳо иштирок менамоянд. Нуклеозидтрифосфатҳо пай­вастҳои макроэргӣ буда, …

Муфассал »

Нуклеозидҳо

0

Нуклеозидҳо пайвастҳое, ки аз боқимондан асосҳои нитрогенӣ ва ангиштоб — рибозаҳо (рибонуклеозидҳо) ё дезоксирибозаҳо (дезоксирибонуклеозидҳо) иборатанд. Номи Нуклеозидҳо аз номи асосҳои ба молекулаи он дохилшаванда гирифта мешавад. Масалан, аденозин аз аденин, гуанозин  гуании, тимидин аз тимин ва ғайра. Нуклеозидҳои озод 6а миқдори кам дар объ­ектҳои гуногуни биологӣ вуҷуд доранд. Аксари …

Муфассал »