Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Нумизматика

0

Нумизматика (аз лот. numisma, юн. nomisma — танга), фанни ёрирасони таърих аст, ки таърихи тасвироти тангаҳо, катибаҳо, вазн, аз кадом филиз сохта шудан ва аҳамияти онро дар муомилоти пулӣ ва ғайра меомӯзад. Нумезматика ба ҳалли масъалаҳои хронология ва ҳаёти сиёсӣ, маданияти моддӣ, таърихи ҳаёти иқтисодӣ, савдои дохилӣ ва берунӣ имконият …

Муфассал »

Нумератсия

0

Нумератсия (лот. numeratio, аз numero — мешуморам), 1) маҷмӯи усулҳои номгузорӣ ва бо рақамҳо ифода намудани ададҳо. Принсипи нисбатан мукаммали Нератсияи ададҳо принсипи позитсионӣ мебошад, ки мувофиқи он ҳамон як адад (рақам) вобаста ба мавқеи худ қиматҳои гуногунро нишон медиҳад. Ин гуна системаи ҳисоб (системаи Нумератсия) ба он асос карда …

Муфассал »

Нумератив

0

Нумератив (аз лот. numero — мешуморам), калимаву ҳиссачаҳои махсусе, ки ба шумора ҳамроҳ омада, шумори предметҳоро таъкид менамоянд. Масалан: нафар, cap, адад, до­на, ҷуфт, банд, бех, даста, -то, -та ва ғайра. Нумеративи нафар бо исмҳое, ки шахсро далолат мекунанд, cap бо калимаҳое, ки ҳайвонотро нишон медиҳанд, адад, дона ва ғайра …

Муфассал »

Нуллификатсияи пул

0

Нуллификатсияи пул (аз лот. nullus — ҳеҷ ва lacio — карда истодаам), бекор кардани пулест, (ки қурбаш якбора хеле паст шудааст. Сабаби асосии Нуллификатсияи пул инфлятсия мебо­шад. Агар ҳукумат нав шаваду пули ҳукуматп пештараро бекор кунад, ин ҳам Нуллификатсияи пул мешавад. Нуллификатсияи пул яке аз воситаҳои танзими муомилоти пул мебошад. …

Муфассал »

Нули мутлақ

0

Нули мутлақ, сифри мутлақ, нуқтаи сарҳисоби ҳарорати мутлақест, ки аз ҳарорати нуқтаи сегонаи об 273,16 К поён ҷойгир аст (ниг. Шкалаҳои ҳарорат). Дар Нули мутлақ ҳаракати ҳароратии бетартибонаи молекулаҳои модда қатъ мегардад. Дар ҳароратҳои ба Нули мутлақ хеле наздик ҳамаи моддаҳо (ғайр аз гелий) дар ҳолати кристалли сахт боқӣ мемонанд. …

Муфассал »