Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Обинабот

0

Обинабот 1) қиёмест, ки пас аз хӯша бастани набот боқӣ мемонад; 2) халвои махсуси Бухорост, ки бо равғани кунҷид ва орд пазанд. Нигаред низ Ҳалво.

Муфассал »

Деҳаи Обимуккӣ

Обимуккӣ, деҳаест дар райони Ёвони вилояти Қӯрғонтеппа, маркази Совети қишлоқ Обимуккӣ. Территорияи совхози «Ёвон-2». Аз 0бимуккӣ то район 15 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1590 нафар (1981), тоҷикону ӯзбекҳо. Деҳа мактаби миёна, 2 китоб­хона, клуб, пункти тиббӣ, пункти ветеринарӣ, шӯъбаи алоқа, магазин до­рад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ—пахтаю обчакорӣ, боғу токпарварӣ ва кирмакдорӣ. …

Муфассал »

Дарёи Обимазор

Обимазор, дарёест дар pайони Ком­сомолободи РСС Тоҷикистон, яке аз калон­тарин шохобҳои чапи дарёи Хингоб. Тулаш 34 километр, масоҳати ҳавзааш 1030 километр2. Ҳавзаи Обимазор дар нишебии шимоли шарқии қаторкӯҳи Дарвоз ва нишебии ҷануби ғарбии қаторкӯҳи Мазор (яке аз шохаҳои шимоли қаторкӯхи Дарвоз) воқеъ гашта­аст. Манбаи оби дарё — пиряху барф.

Муфассал »

Деҳаи Обилурд

0

Обилурд, деҳаест дар Совети қишлоқи Навдонаки райони Комсомолободи РСС Тоҷикистон Территорияи совхози «Ғарм». Аз деҳа то мар­кази Совети қишлоқ 8 километр, то район 27 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 540 нафар  (1981), тоҷикон. Мактаби миёна до­рад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — чорводорӣ ва картошкакорӣ. Заминҳо аз оби чашмаҳо обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

Обила

0

Обила 1) гунбадаи об, куббачаи об, ҳубоб. 2) Об гирифтан ё варам кардани пӯст аз сӯхтан ё суда шудан ва фишор. Масалан, обилаи пой аз бисьёр роҳ гаштан ва ё фишори пойафзоли танг пайдо мешавад. 3) Нағзак, чечак. 4) Табхол, доначае, ки аз таб ё тарс дар лаб мебарояд.

Муфассал »