Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Оброк

0

Оброк, андозест, ки деққонони крепостной ба феодалон дар намуди маҳсулот ё пул медоданд; як навъи рентаи феодалии замин. Оброки молӣ аз маҳсулоти хоҷагии қишлоқ: ғалла, шароб, сабзавот, инчунин маснуоти ҳунармандӣ ва Оброки пулӣ бошад аз даромаде, ки деҳқонон баъди фурӯхтани ҳосил ба даст меоваранд, супорида мешуд. Дар давраи тараққиёти феодализм …

Муфассал »

Обрез

0

Обрез, 1) чоқ ё чуқуриест, ки обҳои истифодашудаи хонаро мере­занд. Обрез дар даҳлез сохта мешавад. 2) Қисми баромадаи девори сангӣ ё хиштини дар биноҳои калон.

Муфассал »

Обраҳа

0

Обраҳа, иншооти обгуза­рон, иншооти гидротехникист барои то ҷои истеъмол бурдани об. Обраҳа аз дарё, обанбор, кӯл 6 ҳавзҳо ибтидо меёбад. Обраҳаҳои энергетикӣ (барои ба гидроэлектростансияҳо додани об), заминро обёрикунанда ва обтаъминкунандаи маҳал мавҷуданд. Обраҳаро дар намуди ҷӯйборҳои сунъии пӯшида (трубопроводҳо ва туннелҳое, ки аз таги замин гузаронда мешаванд) ё кушода …

Муфассал »

Образҳои ҷовид

«Образҳои ҷовид», образҳои барҷастаи адабиёти ҷаҳон, ки қувваи бузурги ҷамъбастӣ дошта, дар ҳеҷ давра аҳамияти бадеии худро гум намекунанд. Чунончи, образҳои Лайлию Маҷнун (аз достони Низомӣ ва дигар шоирони форс-тоҷик) ба рамзи ишқу вафо табдил ёфтаанд. Ё образи Рустам (аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ) рамзи мардию қаҳрамонист, ки дар ҳамаи давраҳо ба …

Муфассал »

Образи бадеӣ

000

Образи бадеӣ, дар адабиёт ва санъат шакли инъикоси воқеият, манзараи конкрет ва муҷтамеи ҳаёти инсон буда, дар партави идеали эстетикии санъаткор, бо ёрии таҳайюли бадеӣ офарида мешавад. Образи бадеӣ воситаи идрок, инъикос ва ифодаи эҳсосу афкор, кӯшишу ҳаяҷони санъаткор, тарзи тадқиқи ҳаёт аст. Образи бадеӣ аҳамияти маърифатӣ, эстетикӣ ва тарбиявӣ …

Муфассал »