Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Газета «Овози Тоҷик»

0

«Овози Тоҷик» газета; дар арафаи тақсимоти миллии Осиёи Миёна дар Самарқанд таъсис ёфт. Шумораи аввал ин «Овози тоҷики камбағал» ном дошт ва он 25 август 1924 чоп шудааст. Аз шумораи 10-ум cap карда, калимаи «камбағал» ихтисор шуд. Ин газета ав­вал ҳамчун органи КМ ПК (б) Туркистон, аз 10 декабри 1924 …

Муфассал »

Овози машваратӣ

0

Овози машваратӣ (дар ҳуқуқ), ҳуқуқи дар кори органҳои интихобӣ ё ташкилотҳои байналхалқӣ танҳо бо вазифаи маслиҳатдиҳӣ иштирок кардан (яъне бе ҳуқуқи иштирок дар овоздиҳӣ).

Муфассал »

Газета «Овози дӯстӣ»

0

«Овози дӯстӣ», газета, органи комитети районии ПК Тоҷикистон ва Совети депутатҳои халқии pайони Рӯшон. Аз соли 1949 бо тиражи 2100 нусха ҳафтае 2 маротиба ба забони тоҷикӣ нашр мешавад. Аввал «Рӯшони со­ветӣ» ном дошт, аз соли 1960 то 1965 чопаш қатъ гардид. Аз январи 1966 бо номи «Овози дӯстӣ» нашр …

Муфассал »

Овоза

0

Овоза маҷмӯи пардаҳо, ладҳоест дар системаи «Дувоздаҳмақом». Ин мақмӯъ аз 6 лад иборат бу­да, номҳои зеринн доранд: «Наврӯз», «Гардония», «Салмак»,       «Гавашт» (Гувашт), «Моя» ва «Щауноз». Дар «Рисолаи мусиқӣ»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ ба ладҳои гурӯҳи дуюми сис­темаи қаторовози 17-зинадор, ки баъди мақомҳо меоянд, мансуб будани Овозҳо зикр шудааст. Овозҳо аксаран аз пардаҳои баланди …

Муфассал »

Овози capоянда

0

Овози capоянда дар мусиқӣ, мафҳуми «овози ҳофиз» ба қобилияти сарояндагии одам вобас­та аст. Овоз аз нутқ бо савт, баландии муайян ва кашолёбиаш фарқ меку­над. Овоз дар инсон аз синни кӯдакӣ бо мурури инкишофи шунавоии мусиқӣ ва аппарати овоз пайдо шуда, тадриҷан такомул меёбад (дар синни 13 ба 1,5 октава мерасад). …

Муфассал »