Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Остонабобо

ostonabobo

Остонабобо, ёдгории меъмории асри 12 дар деҳаи ҳамноми pайони Кар­кии вилояти Чорҷӯи Республикаи Советии Сотсиалистии Туркманистон. Дар байни аҳолии маҳаллӣ бо номи Мазори Остонабобо, Мақбараи Зайдалию Зубайдалӣ, Мақбараи хамсарон Убайду Зубайд а машҳур аст. Остинбобо  чор гунбаз дорад. Асоси Остонабобо аз ду қисм — масҷид ва «девонахона» иборат аст (ҳар …

Муфассал »

Остона

ostona

Остона, қитъаи хурди пеши  дарро гӯянд, ки аз тахта, санг ва ғайра сохта шуда барои аз намӣ, рутубат ҳимоя кардани тагдарӣ хизмат мекунад. Поғундаи болотарини таги дарро низ баъзан Остона номанд.

Муфассал »

Остона

ostona

Остона (остонаи дарё), ҷойҳои харсангу шахдори маҷроҳ дарёро гӯянд, ки дар ин ҷойҳо дарё якбора нишеб шуда, ҷараёнаш суръат мегирад. Остона одатан дар ҷойҳое пайдо мешавад, ки ҷараёни дарё ба тӯдаи харсангҳо ё ҷинсҳои сахти кӯҳӣ дучор меояд. Баъзан боқимондаи шаршараҳо низ ба Остона табдил меёбанд. Аксар вақт ГЭС-ҳоро дар …

Муфассал »

Остинча

ostincha

Остинча, асбоби нонпазиро гӯянд, ки аз матои пахтагӣ абраю астар бурида, бар байнаш пахта гузошта ва барқад лаганда карда’тайёр мекунанд. Остинча 40—50 сантиметр дарозӣ ва 25—30 сантиметр бар дорад. Қисми поёни Остинчаро ҳангоми нонпазӣ ба даст мепӯшанд, то ки даст насӯзад. Баъзан Остинчаро аз остини ҷомаи кӯҳна месозанд.

Муфассал »

Ост-Индия

ost_indiya

Ост-Индия (англисӣ East Indies — Ҳиндустони Шарқӣ), истилоҳест, ки дар гузашта ба территориҳои Ҳиндустон ва баъзе мамлакатҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷануби Шарқӣ нисбат дода мешуд. Ост-Индия ба муқобили истилоҳи Вест- Индия ба вуҷуд омада буд. Европоиҳо, ки ҷазираҳои дар баҳри Кариб (Амери­ка) кашфкардаи Xристофор Колумбро иштибоҳан «Ҳиндустон» гумон карда буданд, …

Муфассал »