Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Оташак

otashak

Оташак, қарҳаи з ӯ ҳ р а в ӣ, реши нарм (Ulcus нише), дарди гузарандаи зӯхравӣ ё ҷимоӣ, ки аз сирояти стрептобасиллаи Петерсен- Дюкрей-Унна асосан баъди алоқаи ҷинсӣ ба вуҷуд меояд. Падидаҳои Оташак ба сифилис (бемории куфт ё оби­дам фарангӣ) шабоҳат дорад; аз ин сабаб ин ду дардро вақтҳои пеш …

Муфассал »

Отасолеҳ

Отасолеҳ (таваллуд 1908, деҳаи Шорден, наздикии Марв), шоири халқии советии туркман. Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои КПСС аз соли 1941. Дар 3-солагӣ нобино шудааст. Аз соли 1919 ба шеъргӯӣ cap кард. Дар ашъораш партия («Болшевик маӯлубнашаванда аст, дӯстон!», 1920) ва меҳнати сотсиалистӣ («Ягон граммро нобуд намекунам», 1936) тараннум ва хурофот …

Муфассал »

Отанг

Отанг, як навъ олати пешинаи хоҷагии қишлоқ.  Пӯсти хоми говро тасма-тасма бурида, тасмаҳоро арғамчинвор мебофанд ва ба шакли калоба меоваранд. Шотуи омочро бо Отанг ба миёнаи юғи гов баста ҷуфт меронанд, замин шудгор мекунанд. Отангро аз навдаҳои бофтаю тофтаи баъзе дарахтон масалан ирғай, низ месохтанд.

Муфассал »

Оссиллятор

ossillytor

Оссиллятор (аз лотинӣ oscillo — мелаппам), системаи физикаи лаппандаро гӯянд. Системам механикие, ки дар наздикии нуқтаи мувозинат мелаппад, Оссиллятори классикӣ ном гирифтааст. Агар энергияи потенсиалии Оссиллятор ба квадрати тамоил аз вазъияти мувозинат (ин ҳолат дар мавридҳои лаппишҳои хурд ҷой до­рад) мутаносиб бошад, онро Оссиллятори мавзунӣ (гармоникӣ) меноманд. Мафҳуми Оссилляторро дар …

Муфассал »

Оссиллограф

ossillograf

Оссиллограф (аз лотинӣ  — мелаппам ва …графил), асбоби чен-кунандаест барои мушоҳида кардани вобастагиҳои байни ду ё якчанд бузургиҳои бо мурури замон фаврӣ тағйирёбанда (ҷараёну шиддат, басомаду кӯчиши фаза, давомату басомади такрори импулс ва ғайра). Оссиллографи электроншуоӣ бештар маъмул аст, ки дар он сигнали бузургиҳо ба лавҳаи тамоилхӯрандаи карнаи оссил­лографӣ меафтад …

Муфассал »