Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Оташкушак

otashkushak

Оташкушак, аппарати дастиест барои фурӯнишондани сӯхтор. Дар натиҷаи реаксияи байни маҳлулҳои кислота ва ишқор (ҳангоми омехтани онҳо) пеш аз баромад андаруни аппарат кафки химиявӣ ё дар вақти ба таври механикӣ омехтани маҳлули обии моддаи кафкҳосилкунанда­ву ҳаво кафки ҳавой-механикӣ ҳосил мешавад. Сӯхторро бо ҷараёни дамии кафк хомӯш мекунанд. Ғайр аз ин, …

Муфассал »

Оташкада

«Оташкада» тазкираест,ки Лутфалибеки Озар байни солҳои 1664—82 таълиф карда аст. Азбаски китоб «Оташкада» унвон гирифтааст, дар тақсимоти фаслу бобҳои он низ аз калимоти мансуб ба оташ истифода шудааст. «Оташкада» аз ду маҷмара иборат аст. Маҷмараи аввал дар зикри шоирони мутақаддим буда, ба як шуъла ва се ахгар ҷудо мешавад. Шӯъла …

Муфассал »

Оташдони офтобӣ

otashdoni_oftobi

Оташдони офтобӣ, дастгоҳест барои аккумулясия ва истифода бурдани энергияи Офтоб дар пухтупаз. Унсури асосии Оташдони офтобӣ гелиоконсентра­тор (ҷамъоварандаи нури Офтоб) мебошад, ки аз як ё якчанд оина ва ё линза иборат аст. Гелиоконсентратори Оташдони офтобӣ аксаран дар шакли пара­болоид сохта мешавад. Гелиокоясентраторро ру ба самти ҳаракати зоҳирии Офтоб дошта, дастӣ …

Муфассал »

Оташдон

otashdon

Оташдон, ошдон, к о н у н, кӯ­ра. м а н қ а л, д е г д о н, ҷоест, ки дар он оташ афрӯзанд. Оташдонро дар ибтидо барои хӯрокпазӣ, нонпазӣ, гарм кардани хона ва ғайра истифода мебурданд. Бо мурури замов вазифаи Оташдон тағйир ёфта, намудҳои гуногуни он, ба …

Муфассал »

Оташгирак

otashgirak

Оташгирак, о т а ш г и р а, афзори рӯзгор барои гирифтани оташ аз оташдон, танӯр, сандалӣ ва пеш задани алав. Одатан аз тасмаоҳани яклухт месозанд. Тасмаоҳанро нимдои­ра қат карда, барои овехтан ҳалқа меандозанд. Дарозиаш гуногун, ду панҷа дорад, ки бараш 3—5 сантиметр ва нӯгаш тез аст.

Муфассал »