Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Шаҳри Ошур

Ошур шаҳре дар давлати Ошур (ҳозира димнаи Қалъат-Шарғат дар Ироқ). Қабатҳои маскун ба ҳазораи 4 то милод мутааллиқанд. Охири ҳазораи 3 — ибтидои ҳазораи 2 то милод Ошур шаҳр — давлат ва маркази калони маданӣ ва тиҷоратӣ будааст. Аз миёнаи ҳа­зораи 2 то милод пойтахти давлати Ошур. Соли 614 Ошурро …

Муфассал »

Давлати Ошур

Ошур давлати қадимест дар ҳудуди ҳозираи Ироқ. Дар миёнаи ҳазораи 2 то милод шаҳри Ошур ва мулкҳои он маркази Ошур шуд. Машғулияти асо­сии аҳоли чорводорӣ ва деҳқонӣ буд. Захираҳои ҷангал, санг, фулузот ба тараққиёти ҳунармандӣ мусоидагг мекарданд. Ошур аз рӯи мавқеи географӣ василаи савдои байни Байнаннаҳрайн ва Осиёи Хурд буд. …

Муфассал »

Шаҳри Ошогбо

shahri_oshogbo

Ошогбо (Oshogbo), шаҳрест дар Нигерия, дар штати Ғарбӣ, дар соҳили дарёи Отун. Аҳолиаш 282 ҳазор нафар (1975). Узели роҳи оҳан ва роҳҳои шоссе. Маркази калони ҷамъоварии қаҳва, меваи нахли равғандеҳ, пахта, тамоку. Корхонаҳои’коркарди тамоку ва пахтатозакунӣ дорад.

Муфассал »

Деҳаи Ошоба

Ошоба, деҳа, маркази Совети қишлоқи Ошобаи pайони Ашт, вилояти Ленинобод. Территорияи колхози ба номи М. И. Калинин. Аз де­ҳа то маркази район 14 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 3320 нафар (1981), асосан тоҷикон ва ӯзбекҳо. Ошоба 2 мактаби миёна, касалхона, клуб, шуъбаи алоқа дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — боғдорӣ ва чорводорӣ. …

Муфассал »

Ошиқӣ

Ошиқӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум),  ҳофиз, бастакор ва шои­ри асрҳои 16—17 форс-тоҷик. Зодгоҳаш Арзана. Санъати мусиқиро сараввал дар зодгоҳаш омӯхтааст. Ба­рои омӯзиши назарияи мусиқӣ ба Табрез, Исфаҳон, Ҳамадон сафар кардааст. Оҳангу таронаҳои эҷодкардаи Ошиқӣ дар зодгоҳаш ва берун аз он шӯҳрат дошт. Махсусан, ба мақомҳои «Исфаҳон», «Ҳиҷоз», «Рост нақш», …

Муфассал »