Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Пай

pay

Пай, як қисми мушак, бофтаи зичест, ки ба воситаи он мушакҳо ба устухонҳо пайваст шуда, ҳаракати онҳоро таъмин мскунанд. Як ну­ги торҳои Пай бо торҳои мушак ва нӯги дигараш бо пардаи рӯи устухон пайваст аст. Пай шаклҳои гуногун дорад. Пайи мушакҳои дароз устухонашакл ва Пайи мушакҳои паҳн лавҳашакл мебошанд. Баъзе …

Муфассал »

Пазирик

Пазирик, гурӯҳи пуштаҳои калонест дар мавзеи Пазирик, соҳили рости дарёи Улагани Калон дар территорияи pайони Улагани Вилояти Автономии Кӯҳистони Олтой. Қабрҳои пешвоёни авлод ё қабила мебошанд, ки асосан асрҳои 5—4 то  сохта шудаанд (ба фикри баъзе муҳаққиқон дар асри 3 то милод). Соли 1929 (М. П. Грязнов ва С. И. …

Муфассал »

Пажду Зардушт

Пажду Зардушт ибни Баҳ­ром (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 13 форс-тоҷик. Дар оилаи пайравони зардуштия ба дунё омада, худ низ яке аз рӯҳониёни дини мазкур буд. Аз ҳусни таваҷҷӯҳи Пажду ба дину оини бостони Эрон осори боқимондаи ӯ гувоҳӣ медиҳанд. Яке аз таълифоти машҳури Пажду «Зардуштнома» мебошад, ки …

Муфассал »

Журнали «Паёми навин»

«Паёми навин» (то соли 1955 «П а ё м и на в»), журнали ҳармоҳаи адабию иҷтимоии эронӣ; наш­рияи Анҷумани равобити фарҳангии Эрон бо Иттифоқи Советӣ. Шумораи аввалинаш июли 1944 дар Теҳрон нашр шудааст. Муҳаррирони «Паёми навин» солҳои гуногун профессор Саид Нафисӣ, нависандагон Бузурги Алавӣ ва Бедозин буданд. «Паёми навин» бо …

Муфассал »

Падуя

paduya

Падуя (Padova), шаҳрест дар Италияи Шимолӣ, дар вилояти Венесия. Маркази маъмурии музофоти Падуя. Аҳолиаш 240 ҳазор нафар (1975). Узели муҳими нақлиёт; шаҳрро канали киштигард бо баҳри Адриатика мепайвандад. Саноати химия (истеҳсоли нахи сунъӣ), мошинсозӣ. (истеҳсоли дастгоҳ, асбобҳо, велосипед, мошинҳои хоҷагии қишлоқ, мотор), электротехникӣ, хӯрокворӣ, сабук (пойафзол, дӯзандагӣ), мебел, коғаз ва …

Муфассал »