Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

РОБИАИ АДВИЯ

РОБИАИ АДВИЯ ( таваллудаш байни солҳои 713—718, Басра—801), аввалин сӯфизанест мутааллиқ ба тасаввуфи ошиқона. Дар оилаи камбағал таваллуд ёфтааст. Дар айёми кӯдакӣ ӯро дуздида, ба ғуломй фурӯхта буданд. Баъд аз гуломӣ озод шудааст. Мувофиқи маълумоти баъзе сарчашмаҳо аввал сарояндагӣ мекард. Сонӣ ба тасаввуф гороида, баъди чанд соли дар саҳро гӯшанишинӣ …

Муфассал »

РОБЕСПЕР Максимилен Мари Изидор де

РОБЕСПЕР (Robespierre) Максимилен Мари Изидор де (6. 5. 1758, Аррас—28. 7. 1794, Париж), арбоби Револютсияи Кабири Фран¬сия, яке аз роҳбарони якобичиён. Аз оилаи адвокат. Баҳори соли 1792 Робеспер пароканда кардани Маҷлиси қонунгузорӣ (охири тирамоҳи соли 1781 ба ҷои Маҷлиси муассисон ташкил шуда буд), ҷорӣ намудани ҳуқуқи интихоботии умумӣ ва дар …

Муфассал »

Ангури РКАТСИТЕЛИ

angur

РКАТСИТЕЛИ, кукура, топо¬лёк, королёк, як навъ ангури маҳаллии гурҷӣ. Дар РСС Гурҷистон (асосан дар Кахетия), »РСС Арманистон, РСС Қазоқистон, республикаҳои Осиёи Миё¬на, РСС Молдавия, РССУ, кишвари Ставрополи РСФСР парвариш меёбад. Хӯшааш миёна, дароз, зуғӯташакл; зичиаш миёна. Донааш миёна, байзашакл, сабзи сафедтоб ё зардчатоб. Аз 1 га токзор 14—20 т ҳосил …

Муфассал »

РИҚОЪ

xati-riko-arabi

РИҚОЪ (арабӣ —пораҳо, навиштаҷоти мухтасар), яке аз шаш навъи хати арабӣ, ки Ибни Муқла ихтироъ кардааст. Ихтирои онро ба дигарон низ нисбат додаанд. Сабаби Риқоъ ном гирифтанаш дар он аст, ки руқъаҳоро бо ин хат менавиштаанд. Риқоъ дар сатҳ ва давр тобеи тавқеъ аст. Устодони ин Хат: Ибни Муқла, Ҳасан …

Муфассал »

РИҶЛ

burjho

РИҶЛ (арабӣ — пой), муниртарин ситораи бурҷи Ҷаббор аст, ки қадри ситоравии зоҳириаш 0,1 мебошад. Аз Офтоб дар масофаи 330 парсек воқеъ гардида, равшаноиаш аз равшаноии Офтоб 81 маротиба зиёд аст.

Муфассал »