Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Парна

Парна, деҳаест дар Совети қишлоқ Ворӯи райони Панҷакент, вилояти Ленинобод. Территорияи колхози «Зарафшон». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 5 км, то район 63 .км. Аҳолиаш 435 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби 8-сола дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — тамокукорйӣва чорводорӣ. Заминҳо аз сои Пағна оберӣ мешаванд.

Муфассал »

Пашенко Леонид Никитич

pashenko-leonid-nikitich

Пашенко Леонид Никитич (таваллудаш 20. 2. 1936, ш. Тираспол, РСС Молд.), шоири советии рус. Аз оилаи хизматчии ҳарбӣ. Аъзои КПСС аз соли 1964. Дар аввали Ҷанги Бузурги Ва­танӣ (1941—1945) ба Тошкент омад. Институти давлатии педагогии шаҳри Тошкентро хатм намуд (1959). Солҳои гуногун дар газетаю журналҳои Ӯзбекистон, Украина ва Тоҷикистон кор …

Муфассал »

Пашшахона

pashshaxona

Пашшахона, пардаи тунукест, ки чодарвор кашида, шабҳои тобистон дар даруни он мехобанд, то ки аз ҳуҷуми пашша эмин бошанд. Пашшахона дар байни халқҳои Осиёи Миёна. аз ҷумла тоҷикон аз қадимулайём маълум буда, онро асосан аз дока, хоса, баъзан аз хомсуф медӯзанд. Пашшахона одатан 4 м дарозӣ, 2,5 м бар ва …

Муфассал »