Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Педагогикаи халқӣ

pedagogikai-xalki

Педагогикаи халқӣ, соҳаи ил­ми педагогика. Педагогикаи халқӣ маҷмӯи донишҳои педагогист, ки аз таҷрибаи рӯзгор ба миён омадааст. Истилоҳи Педагогикаи халқиро ба адабиёти педагогӣ К. Д. Ушинский дохил кард ва моҳияти тарбиявии эҷодиёти лафзии халки русро низ ӯ шарҳ дод. Эҷодиёти лаф­зии халқ қисми демократии маданияти қадимаи оммаи васеи халқ буда, …

Муфассал »

Педагогика

pedagogika-1

Педагогика (юн. раidagogike — нигоҳубин, тарбияи кӯдак), маҷмӯи илмҳои назарӣ ва амалист, ки масъалаҳои таълим, тарбия ва маълумотро дар бар мегирад. Аввал Педагогика ҳамчун назарияи таълим ва тарбияи бачагон инкишоф ёфт. Педагогика дар СССР ва мамлакатҳои сотсиалистӣ ҳамчун назарияи тарбияи коммунистии одами нав тараққи мекунад; бо сотсиология ва психология алоқаи …

Муфассал »

Газетаи «Педагоги Ҷавон»

gazetai-pedagogi-javon

«Педагоги Ҷавон», газета, органи ректорат, ташкилотҳои партиявӣ, комсомолӣ ва иттифоқи касабаи Институти давлатии педагогии Душанбе. Аз соли 1957 бо тиражи 3500 нусха моҳе 2 маротиба ба эабонҳои тоҷики ва русӣ нашр мешавад.

Муфассал »

Пегматит

pegmatit

Пегматит (аз юн. реgmatos —мустаҳкам васлшуда), ҷинси фишондаи бештар калондонаест, ки дар байни ҷинсҳои кӯҳӣ дар шакли раг, дайка, линза ва дигар ҷисмҳо ҷойгир шудааст. Тӯли ин ҷисмҳо ба чандин км ва ғафсиашон ба чандсад м мерасад. Пегматит дар марҳилаи охирини ташаккули массивҳои интрузивӣ кристалл мебандад. Минералҳои асосии Пегматит аз …

Муфассал »

Ҳарфи Пе

harfi-p

Пе ҳарфи сеюми алифбои арабиасоси тоҷикист. Қимати ададиаш дар абҷад ба 2 баробар аст. Аз ҳар­фи «не»-и алифбои финиқӣ, ки шаклаш ва маънояш «даҳон» буд, пай­до шудааст. Дар алифбои арабиасоси тоҷикӣ аксаран бо ҳарфи бе  ифода мегардид ва боиси пайдоиши вариантҳои калимаҳо шудааст. Масалан, натвоз — батвоз (нишастгохи паррандагон), батёра …

Муфассал »