Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Перро Шарл

perro-sharl

Перро (Реrrault) Шарл (12. 1. 1628, Париж—16. 5. 1703, ҳамон ҷо), шоир ва мунаққиди франсавӣ. Аъ­зои академияи Франсия (аз соли 1671). Аз оилаи амалдор. Аввалҳо ҳуқуқшинос буд. Аввалин асари Перро досто­ни «Деворҳои Троя ё Паидоиши бур­леск» (1653) аст. Достонҳои рамзӣ, қасидаю номаҳояш дар сабки назми пурдабдабаи дарбор таълиф шуда­анд. Перро …

Муфассал »

Перпендикуляр

perpendikulyar

Перпендикуляр (лот. perpendiculoris—шоқулӣ), хати ростест, ки хати рости дигари ҳамвории маълумро таҳти кунҷи рост мебурад.

Муфассал »

Пероксидҳо

peroksidho

Пероксидҳо п а й в а с т ҳ о и пероксиди, пайвастҳое, ки атомҳои оксигени бевосита ба ҳамдигар пайвастшуда доранд. Пероксид ду хел мешаванд: органикӣ ва ғайриорганикӣ. Пероксиди органи кӣ дар таркибашон гурӯҳи—О—О -доранд, ки бо як ё ду атоми карбон пайваст шудаанд, масалан, Периксиди алкилӣ ё арилӣ (R—О— …

Муфассал »

Пероксиди гидроген

peroksidi-gedrogen

Пероксиди гидроген, Н2О2, пайвасти оксигении гидроген, ки гурӯҳи атомҳои—О—О—дорад. Соддатарин ва муҳимтарин намояндаи пероксидҳо. Моеи берангу бӯй; t гуд.— 0, 43°С, t ҷӯш. 150°С, зичиаш 1470 кг/м3 (0°С). Бо об омехта шуда крис­таллогидрат Н2О2 • 2Н2О ҳосил мекунад. Вобаста ба шароит Пероксиди гидроген ҳам оксидкунанда (I) ва ҳам барқароркунанда (II) …

Муфассал »

Пероксидазаҳо

peroksidazaho

Пероксидазаҳо, ферментҳоеро гӯянд, ки дар ҳуҷайраҳои зинда реаксияҳои оксидшавии моддаҳои гуногунро бо ёрии пероксиди гидроген катализ мекунанд. Пероксидазаҳо дар нафаскашии растаниҳо аҳамияти калон доранд. Пероксидазаҳои росанро дар тиб ҳангоми тадқиқи биохимиявии баъзе ҷузъҳои хуну пешоб кор мефармоянд.

Муфассал »