Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

БОЗЁФТҲОИ ҚУМРОН

bozyofti_kumron

БОЗЁФТҲОИ ҚУМРОН, Харобаҳои Қумрон, дастнависҳои қадимӣ, маснуоти кулолӣ ва сиккаҳое, ки солҳои 1947-56 аз ғорҳои Қумрон вокеъ дар якунимкилометрии шимоли ғарбии Баҳри Майит ёфт шудаанд. Дар давоми ҳафриёт аз 11 ғори наздики бошишгоҳи қадим 900 баста навиштаҷоти рӯйи пуст ва папирус, шумораи бисёри зарфҳои гилӣ, шишаӣ ва теъдоди хеле зиёди …

Муфассал »

БОЗЁФТ

bozyoft

БОЗЁФТ, дар ҳуқуқ ёфтани чизи гумшуда аз тарафи касе, ки барои ин ӯ дорои ҳуқуқ ва уҳдадориҳои муайян мегардад. Тибқи талаботи қонун шахсе, ки ашёи гумшударо ёфтааст, уҳдадор аст шахси гумкардаи ашё ё дигар шахси ба ӯ шиносро, ки ҳуқуқи гирифтани молро доранд, огоҳ созад ва ашёро баргардонад. Агар ашё …

Муфассал »

БОЗЕ-ГАЗ

boze-gas

БОЗЕ-ГАЗ, гази Бозе, Бозе-гази идеалӣ (ба ша­рафн Ш. Бозе номида шудааст), гази шабеҳи гази идеалии классикии спинаш пурра. Бозе-газ аз бозонҳо – зарраҳое, ки байни худ таъсири мутақобила надоранд ва ба омори Бозе – Эйнштейн тобеанд, иборат мебошад. Ба ин гурӯҳи зарраҳо гази фотонӣ ва газҳои квазизарраӣ тааллуқ доранд. Ш. …

Муфассал »

БОЗЕ

bose

БОЗЕ Шатендранатҳ (1.1.1894, Калкатта – 4.2.1974, ҳамон ҷо), физик ва риёзидони ҳинд, узви Ҷамъияти шоҳии Лондон (1958), профессор миллии Ҳиндустон (1958). Соли 1915 Ун-ти Калкаттаро хатм кардааст. Солҳои 1924— 25 дар Порис таҳти роҳбарии М Склодовская-Кюри кор кард. Профессор ун-тҳои Дакка (1926-45) ва Калкатта (1945 – 56). Бозе дар соҳаи …

Муфассал »