Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

БОЙСУНҚУР

boysunkur

БОЙСУНҚУР, Бойсунқур, Бойсунқар (16.9.1397, Ҳирот – 20.12.1433, ҳамон ҷо), аз асилзодагони сулолаи Темуриён. Писари Шоҳрух, набераи Темур, бародари Улуғбек, Ҳокими виллоятҳои Мозандарон, Астаробод ва Ҷурҷон (1414), баъд вазири падараш – Шоҳрух (1416-20) буд. Ҳокими Эрону Озарбойҷон (1420) ва Астаробод (1431). Ҳангоми сафарҳои Шоҳрух вазифаи муовинии ӯро адо мекард. Бойсунқур шахси …

Муфассал »

БОЙСУНҒУРӢ Ҷаъфар ибни Алии Табрезӣ

images

БОЙСУНҒУРӢ Ҷаъфар ибни Алии Табрезӣ (номаълум), хаттоти форс-тоҷик, яке аз нахустин устодони хатти настаълиқ дар асри 15. Аслан аз мардумӣ Табрез буд, вале ба сабаби иқомати тулонӣ дар Хирот ба Ҳиравӣ машҳур шудааст. Баъдан аз Хирот ба Мовароуннаҳр сафар карда, се сол дар Балх монд, сипас ба Хоразм рафт, як …

Муфассал »

БОЙСУНҒУР МИРЗО

images

БОЙСУНҒУР МИРЗО   фарзанди Маҳмуд ибни Ахмад ибни Абусаиди Гургонӣ (номаълум), ҳокими ноҳияи Бадахшон (ҳукмронӣ 1474-1495). Шахси бофазлу дониш буда, шеър мегуфт ва дар шеър «Одилӣ» тахаллус мекард. Дар «Маҷолису-н-нафоис»-и Алишери Навоӣ омадааст, ки Султоналии Машҳадӣ покизагии хатти настаълиқи вайро ситудааст. Аз осори ӯ қитъае дар мураққаи Баҳром Мирзо дар китобхонаи …

Муфассал »

БОЙСУН

boysun

БОЙСУН, ноҳия (аз 29 сентябри соли 1926) ва шаҳр (аз 1975, маркази ноҳияи Бойсун) дар вилояти Сурхондарё. Масофаи Бойсун аз шаҳри Душанбе ба самти ғарбӣ 200 км, баландиаш аз сатҳи баҳр 1240 метр буда, дар самти ғарбии охири куҳи Ҳисор ҷойгир шудааст. Аз самти шимоли шарқ бо ноҳияи Сари Осиё, …

Муфассал »

БОЙС Мэри Нора Элизабет

boys_m

БОЙС Мэри Нора Элизабет (2.8.1920, Дорҷилинг, Ҳиндустон – 2006, Лондон, Англия), олими эроншиноси Британияи Кабир. Падараш дар шаҳри Калкуттаи Ҳиндустон додгустар (судя) буд. Бойс дар Донишгоҳи Кембриҷи Ан­глия улуми бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ омӯхта, аз соли 1944 устоди адабиёти англосаксонӣ ва бостоншиносии Донишгоҳи Лондон буд, ҳамзамон омӯзиши забо­ни форсиро дар назди …

Муфассал »