Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

БОҚИБИЛЛОҲ Абулмуайид Разиюддин Муҳаммад

images

БОҚИБИЛЛОҲ Абулмуайид Разиюддин Му­ҳаммад (1564, Кобул – 1603, Деҳлӣ), мутахаллис ба «Беранг», яке аз муассисон ва мураввиҷони тариқати нақшбандия дар Ҳинд. Азбаски муддати дурудароз дар Ҳинд ва чанде дар Мовароуннаҳр муқим буд, дар маъхазҳо бо номҳои гуногун (Муҳаммадбоқии Нақшбандии Деҳлавӣ, Боқибиллоҳи Деҳлавӣ, Абдулбоқӣ ва Боқии Мовароуннаҳрӣ) ёд шудааст. Боқибиллоҳ муддате …

Муфассал »

БОКУРА

bokura

БОКУРА, мевае, ки ҳанӯз нимпухта, нимдунбул аст. Нигар низ Ғура.

Муфассал »

БОКУӢ Буабдуллоҳи Боку

images

БОКУӢ Буабдуллоҳи Боку, Ибни Бокуя, Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Убаӣдуллоҳ (фавт 1037, Нишопур), яке аз машоихи мактаби ирфонии Хуросон. Нисбаташ аз номи бобояш Бокуя (мансуб ба шаҳри Боку) гирифта шудааст. Ҷой ва соли таваллудаш номаълум; даврони хурдӣ ва ҷавониашро дар Шероз гузаронидааст. Дар ҷавонӣ аз Абуяҳё Бакр ибни Аҳмад …

Муфассал »

БОКУ

baku

БОКУ (Baki), шаҳр, пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон, бандари калони Баҳри Каспий ва шаҳри бузургтарини Қафқоз. Дар соҳили ҷанубии нимҷазираи Апшерон (Обшорон) воқеъ аст. Аҳолиаш 2 092 400 нафар (2011, бо атрофаш 2 600 100), асосан озариҳо (то соли 1990 сермиллат буд; зимни барӯйхатгирии соли 1989-ум 66 дарсади аҳолиаш озариҳо буданд). Тариқи …

Муфассал »

БОКСИТ

boksit

БОКСИТ (фаронс. bauxite, аз номи деҳаи Ле Бо дар ҷануби Фаронса, ки қабати Боксит бори нахуст дар он ҷо ёфт шудааст), ҷинси кӯҳӣ, ки асосан аз оксиди алюминиӣ (Аl2 О,), оксиди оҳан (Fe2O3) ва минералҳои гилӣ таркиб ёфтааст. Таркиби Боксит инчунин ба микдори кам минералҳои диаспор, бёмит, гиббеит, гётит, гидрогётит, …

Муфассал »