Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

БОҚИЕВ Мирзоамон, Мирзо Боқӣ

images

БОҚИЕВ Мирзоамон, Мирзо Боқӣ (таваллуд 19.12.1944, деҳаи Эсизи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ), шоир ва нависандаи тоҷик. Хатмкардаи УДТ (ҳоло ДМТ; 1971). Пас аз хатми таҳсил дар студияи Телевизиони Тоҷикистон (1971- 72), редаксияи рӯзномаҳои «Маориф ва маданият» (1972— 80), «Адабиёт ва санъат» (1981-82), «Омӯзгор» (1983-98) ва маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» (1998-2001) кор кардааст. …

Муфассал »

БОҚИЕВ Маҳмудхон Иноятуллоевич

images

БОҚИЕВ Маҳмудхон Иноятуллоевич (таваллуд 23.4.1951, шаҳри Ленинобод), забоншинос, доктори илмҳои педагогӣ (1992), профессор (1994). Хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти руси УДТ (1973). Солҳои 1973-74 муаллими мактаби миёна, 1974—80 ассистенти ка­федраи забон ва адабиёти руси Институти давлатии педагогии Ленинобод, 1983-95 дотсент, мудири кафедра, х. к. илмии Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод, 1995-98 …

Муфассал »

БОҚИЕВ Махсуд Иноятуллоевич

images

БОҚИЕВ Махсуд Иноятуллоевич (таваллуд 20.10. 1954, Хуҷанд), муаррихи тоҷик, доктори илмҳои таърих (2000), профессор (2002), академики Академияи байналмилалии антропологияи интегративӣ (2002) ва Академияи омузгории Федератсияи Руссия (2003). Ёвари муовини аввали раиси Комиҷроияи ви­лояти Ленинобод (1978-89), дотсенти Донишгоҳи давла­тии омузгории Ленинобод (ДДОЛ; 1989-92), мудири шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва Маркази илмии Академияи …

Муфассал »

БОҚИЕВ Алишер Худойназарович

images

БОҚИЕВ Алишер Худойназарович (таваллуд 21.12.1974, шаҳраки Сомониён ноҳияи Рӯдакӣ), варзишгари тоҷик, гӯштингир, Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон оид ба гӯштини дзюдо (2001) ва қураш (2003), Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ аз намуди олимпии дзюдо, қураш, самбо, «гӯштингирӣ». Мураббии шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006). Нозукиҳои гӯштини миллии қу­раш ва дзюдоро аз падараш – …

Муфассал »

БОҚИЕВ Абдуқаҳҳор

images

БОҚИЕВ Абдуқаҳҳор (1895, Хуҷанд – 1940, Ленинобод), ширкатдори фаъоли барпокунии ҳокимияти Шӯравӣ дар Туркистон ва Хуҷанд. Аъзои ҳизби коммунистӣ аз соли 1928. Боқиев яке аз нахустин касонест, ки соли 1917 ихтиёран ба сафи Гвардияи Сурхи Хуҷанд дохил шуд. Солҳои 1918-19 ҷанговари отряди ихтиёрии Туркистон дар Самарқанд буд ва барои саркӯб …

Муфассал »