Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

БОҚИЕВА Муслима

images

БОҚИЕВА Муслима (таваллуд 7.11.1933, Бухоро), сарояндаи машҳури тоҷик (сопранои лирикӣ), Артисти халқии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1971). Санъати сознавозӣ ва сарояндагиро аз падараш – ҳофиз ва танбӯрнавози машҳур Бо­қиев Солеҳ омӯхтааст. Аз со­ли 1946 дар Душанбе зиндагӣ мекунад. Сарояндагиро ибтидо дар дастаи санъаткорони Раёсати радиошунавонии Тоҷикистон оғоз  намуда, аз устодони …

Муфассал »

БОҚИЕВ Худойназар Ғоибович

images

БОҚИЕВ Худойназар Ғоибович (8.3.1951, деҳаи Хонақоҳи Кӯҳии ноҳияи Ҳисор-29.5.2012, ноҳияи Рӯдакӣ), варзишгари тоҷик, гӯштингир, Устоди варзиши Тоҷикистон (1975), Устоди варзиши ИҶШС (1976), Мураббии хидматнишондодаи варзиши Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1988), Аълочии ма­орифи Тоҷикистон (1999), Корманди шоистаи варзиши Тоҷикистон (2002). Хатмкардаи Техникуми тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанбе (1970). Солҳои 1970-75 муаллими тарбияи …

Муфассал »

БОҚИЕВ Рустам Худойназарович

images

БОҚИЕВ Рустам Худойназарович (таваллуд 21.1 1978, шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ), варзишгари тоҷик, гӯштингир, Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон оид ба дзюдо (2003) ва гӯштини миллии қураш (2006), Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ аз намуди олим­пии дзюдо ва қураш, Мураббии шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон (2007). Нозукиҳои гӯштини миллӣ ва дзюдоро аз падараш – …

Муфассал »

БОҚИЕВ Расул Худойназарович

images

БОҚИЕВ Расул Худойназарович (таваллуд 29.9.1982, шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ), варзишгари тоҷик, гӯштингир (дзюдо), Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон оид ба гӯштини қураш (2006) ва дзюдо (2007). Ус­тоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ аз намуди олимпии дзюдо, қураш, самбо, «гӯштингирӣ». Хатмкардаи До­нишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (2004). Аз соли 2004 мураббии Мактаби махсуси варзишӣ оид …

Муфассал »

БОҚИЕВ Олуболу

images

БОҚИЕВ Олуболу (25.5.1934, ноҳияи Рӯшон – 5.2.1999, Душанбе), доктори илмҳои таърих (1991), профессор (1994). Хатмкардаи Институти давлатии омӯзгории Самарқанд (1955), УДТ (1961, ҳоло ДМТ), аспирантураи Донишгоҳи давлатии шаҳри Ле­нинград (Санкт-Петербург; 1969). Солҳои 1955-56 муалли­ми мактаб дар ноҳияи Ғарм, 1961-63 лаборанти калони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии …

Муфассал »