Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

БОҚИРИ АСТАРОБОДӢ Шамсуддин Муҳаммад

images

БОҚИРИ АСТАРОБОДӢ Шамсуддин Муҳаммад маъруф ба Домод (фавт тақрибан 1630-31), шоири эронӣ. Аз маълумоти маъхазҳо бармеояд, ки Боқири Астарободӣ асосан дар Исфаҳон зиндагӣ ва эҷод кардааст. Чун шахси донишманд шуҳратманд будааст. Асарҳои «Айвону-л-масоил», «ал-Қабисот», «Шореъу-н-наҷот» ба ӯ нисбат дода шудаанд. Ба ду забон (форсӣ ва арабӣ) эҷод мекардааст.

Муфассал »

БОҚИРАЛИХОН

images

БОҚИРАЛИХОН шоир ва адиби форсизабони Ҳиндустон (асри 18). Дар Лакҳнав ба дунё омада­аст. Дар манбаъҳои адабӣ аз ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш итгилоъ дода нашудааст, вале ӯро дар назму наср моҳиру тавоно ёд кардаанд. Шоири соҳибдевон будааст. Инчунин манзумаҳои «Румузу-т-тоҳирин» ва «Миръоту-л-камол» аз навиштаҳои ӯянд. Асареро бо номи «Гулистони асрор» ба ӯ …

Муфассал »

БОҚИР Ҳаким Саидмуҳаммад

images

БОҚИР Ҳаким Саидмуҳаммад (номаълум), табиби маъруфи тоҷик, аз пайравони Ибни Сино дар бахши дорусозӣ. Боқир табиби дарбори Сулаймони Сафавӣ (нигар Сафавиён) буд ва бо супориши ӯ китоберо бо унвони «Адвияи қалбия» (Доруҳои дил) ба тоҷикӣ таълиф наму­дааст. Ин китоб аз муқаддима, 14 боб ва хотима иборат буда, ғариқи тайёр кардани …

Муфассал »

БОҚИР ибни Усмон Бухории Уччӣ

images

БОҚИР ибни Усмон Бухории Уччӣ, Саййидбоқир, Муҳаммадбоқир ибни Усмон ибни Довуд ибни Шукруллоҳ (фавт тақрибан 1687), шоир, ориф ва фақеҳи форсизабони Ҳиндустон. Аз наберагон (бозмондагон)-и Саййидҷалолуддини Бухорӣ, маъруф ба Ҷаҳониёни Ҷаҳонгашт (1308-1383). Саййидҷалолуддин нахустин касест, ки аз Бухоро ба нимҷазираи Ҳинд кӯчид ва силсилаи содоти Бухориро дар рустои Уччаи Ҳиндустон …

Муфассал »

БОҚИР Имом Боқир

images

БОҚИР Имом Боқир, Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абитолиб, мулаққаб ба Боқиру-л-улум; бо лақабҳои «Ҳодӣ» ва «Шокир» низ ёд мешавад (677 ё 678, Мадина – 732, ҳамон ҷо; мадфун дар гӯристони Бақеъ), яке аз уламои барҷастаи садри ислом ва аз ҷумлаи тобеин. Боқир ҳам аз ҷониби …

Муфассал »