Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

БОЛ

bol

БОЛ, узвест, ки ҷонварон ба тавассути он парвоз ва ҳаракат мекунанд. Баъзе бандпойҳо (аксари ҳашарот), ҳамаи парандаҳо ва баъзе ширхурҳо (кӯршабпарак) Бол доранд. Ҳамчунин калтакалосҳои паррони мунқариз Бол доштанд. Сохт ва пайдоиши Бол гуногун аст. Дар ҳашарот вазифаи Болро унсури лавҳашакл, ки аз пардаи пурчини қисми миёна ва қафои тӯш …

Муфассал »

БОҚӢ РАҲИМЗОДА

deha

БОҚӢ РАҲИМЗОДА (то 14.12.12 Ҷайратеппа), деҳа дар қисми ғарбии ҷамоати деҳоти Қаратоғи тобеи шаҳри Турсунзода. Аз деҳа то маркази ноҳия 9 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1382 нафар (2013). Мактаби таҳсилоти умумии ибтидоӣ дорад. Талабагон таҳсилро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Имоми Аъзам (собиқ Қӯшбулоқ) идома медиҳанд. Боқӣ Раҳимзода ду …

Муфассал »

БОҚӢ РАҲИМЗОДА

deha

БОҚӢ РАҲИМЗОДА (то 28.02.2013 50-солагии Октябр), деҳа дар ҷамоати деҳоти ба номи Крупскаяи ноҳияи Қумсангир. Аз деҳа то маркази ноҳия 16 км; роҳ ас­фалтпӯш. Аҳолиаш 1441 нафар (2013). Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, дорухона, сартарошхона, ошхонаи хусусӣ, 4 нуктаи савдои хусусӣ ва масҷиди панҷвақта дорад. Соҳаҳои асосии хонагӣ: …

Муфассал »

БОҚӢ РАҲИМЗОДА

boqi_rahimzoda-350x300

БОҚӢ РАҲИМЗОДА (то соли 2012 Қурултой), деҳа дар ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ. Аз Боқӣ Раҳимзода то маркази ноҳия 1,5 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 4200 нафар (2013). Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, клуб барои баргузории маъракаҳои мардум ва масҷиди панҷвақта дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, ғаллакорӣ, сабзавоткорӣ ва …

Муфассал »

БОҚӢ Маҳмуд Абдулбоқӣ

images

БОҚӢ Маҳмуд Абдулбоқӣ (1527, Истанбул-1599, ҳамон ҷо), шоири турк. Дар мадрасаи Сулаймонияи Истанбул таҳсил кардааст. Дар 19-солагӣ чун шоири ма­қоми аввали Истанбул шуҳрат ёфт ва ба хидмати ҳукмрони давр Султон Сулаймон дохил шуд. Минбаъд мударриси мадрасаҳои машҳури он замон ва қозӣ (муддате дар Макка) буд. Боқӣ девони ашъор (нашри якумаш …

Муфассал »