Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

БОЛИВАР (Bolivar) Симон

bolivar-simon

БОЛИВАР (Bolivar) Симон (24.7.1783, Каракас, Вене­суэла, 17.12.1830 – Санта-Марта, Колумбия), яке аз роҳбарони муборизаи озодихоҳонаи мустамликаҳои Испания дар Амрикои Лотинӣ, ходими давлатӣ. Дар шаҳри Каракаси Венесуэла, дар оилаи ашрофзода таваллуд шудааст. Аз падару модар барвақт маҳрум гашта, таҳти васояти амакаш ба камол расидааст. Солҳои 1799-1806 ба Аврупо карда, дар Испания, …

Муфассал »

БОЛДОӢ

boldoy

БОЛДОӢ, деҳа дар ҷамоати деҳоти Саталмуши ноҳияи Балҷувон. Аз Болдоӣ то маркази ноҳия 11 км, то вилоят 131 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 85 нафар (2013). Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз оби чашмаи Дараи Чинор обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

БОЛДИРЕВ Алексей Василевич

images

БОЛДИРЕВ Алексей Василевич (27.3.1780-29.8.1842, Маскав), забоншинос-шарқшиноси рус. Хатмкардаи Университети давлатии Маскав (1805). Баъдан дар Олмон ва Фаронса таҳсил кардааст. Профессор (1815) ва ректори Университети давла­тии Маскав (1832-37). Соли 1811 дар Университети давлатии Мас­кав таълими мунтазами забонҳои Шарқ (арабӣ, яҳудии қадим, форсӣ ва ғайра)-ро ҷорӣ намуд. Муаллиф ва мураттиби «Грамматикаи мухтасари …

Муфассал »

БОЛДИРЕВ Александр Николаевич

boldyrev_an

БОЛДИРЕВ Александр Николаевич (29.5.1909, Санкт- Петербург -1993, ҳамон ҷо), шарқшинос-эроншиноси рус, доктори илмҳои филология (1954), профессор (1959). Ходими хидматнишондодаи илми Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1969). Хатмкардаи Институти фалсафа, адабиёт ва санъати шаҳри Ленин­град (1931). Ходими илмии Базаи тоҷикистонии АИ Иттиҳоди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ (1933-36), шуьбаи Шарқи Эр­митажи давлатии Ленинград (1936-41), …

Муфассал »

БОЛДАСТҲО

boldastho

БОЛДАСТҲО (Chiroptera), як қатори ҷонварони ширхор. Болдастҳо қобилияти парвози дурударозро доранд. Пойҳои пеши онҳо ба бол табдил ёфтаанд. Ангушти якум озод аст; ангуштони дигар, устухонҳои банди даст ва соид дароз шуда, пустпардаи болро ба вуҷуд меоваранд. Дум низ бо пустпарда пайваст аст. Суфраи гӯш хеле ташаккул ёфта, дар бисёр Болдастҳо …

Муфассал »