Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

БОЛОМЕТР

bolometer

БОЛОМЕТР (юнонӣ боле – нур ва … метр), асбоб барои чен кардани афканишоти электромагнита (асосан инфрасурх), ки дар асоси тағйирёбии муқовимати электрикии моддаи ба ҳарорат ҳассос сохта шудааст. Болометрро соли 1878 мунаҷҷим ва физики амрикоӣ С. П. Ленгли (1834-1906) ихтироъ кардааст. Қисми асосии Болометр лавҳачаи ниҳоят тунук (масалан, аз платина …

Муфассал »

БОЛОДАРӢ

bolodari

БОЛОДАРӢ, ҷузви деворҳои чиниши дастӣ, ки дар бо­лои ҷойҳои дару тиреза гузошта мешавад. Болодарӣ чубӣ ва оҳанубетонӣ мешавад. Болодарии чубӣ дар болои ду паҳлударӣ васл мегардад. Баъзан дар меҳмонхонаҳо ё дигар иморатҳои ҷамъиятӣ Болодарӣ бо паҳлударӣ якҷоя кандакорӣ карда ме­шавад, ки хеле зебост (масалан, дарҳои Мадрасаи Улуғбек дар шаҳри Самарқанд). …

Муфассал »

БОЛЛИВУД

bolliwood

БОЛЛИВУД, киностудия дар Ҳиндустон, дар шаҳри Мумбай (собиқ Бамбай) ҷойгир аст. Дар Болливуд қариб шаш млн на­фар коргардон, актёр, продюсер, наворгир, рассом, оҳангсоз, кинодраматург ва корманди техникию маъмурӣ фа­ъолият менамоянд. Соле то ҳазор филми бадеӣ, тасвирӣ, ҳуҷҷатӣ истеҳсол мекунад. Дахлу харҷи солонааш беш аз 1,3 млрд доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Муфассал »

БОЛИД

bolid

БОЛИД (фаронсавӣ bolide, аз юнонӣ bolis – найзаи партофташуда), 1) шиҳоб (метеор)-и дурахшониаш на камтар аз 4m (аз Зуҳра равшантар), ки андозаҳои кунҷии намоён дорад. Муниртарин Болид рӯзона ҳам намудор мешавад; шабона ҷилд ва думи онро низ дидан мумкин аст. Болид пайе мегузорад, ки аз гази иондор ва чанг иборат …

Муфассал »

БОЛИВИЯ

bolivia

БОЛИВИЯ (Bolivia), Ҷумҳурии Боливия (Pepublica de Bolivia); аз 20.10.2010 номи расмиаш – Давлати бисёрмиллати Боливия (испанӣ Estado Plurinacional de Bolivia), давлат дар қисмати марказии Амрикои Ҷанубӣ. Дар шимол ва ғарб бо Бразилия, дар ҷануби шарқӣ бо Парагвай, дар ғарб бо Чили ва Перу, дар ҷануб бо Аргентина ҳамсарҳад аст. Масоҳаташ …

Муфассал »