Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

БОНКИ МУВАККАЛ

foreign-bank

БОНКИ МУВАККАЛ, Бонки гумошта, бонке, ки барояш бонки давлатӣ (миллӣ, марказӣ) ё дигар сохторҳои босалоҳият иҷозатномаи инҳисорӣ ҷиҳати доир на­мудани ин ё он амалиёти бонкиро медиҳад. Чунин иҷозатнома дар шакли парвона (литсензия), қарори ҳукуматӣ ё ғайри он дода мешавад. Дар чунин қарор феҳристи бонкҳое сабт аст, ки чунин ваколатро соҳибанд.

Муфассал »

БОНКИ МОЛИЯВИИ ХУРД

bmkh

БОНКИ МОЛИЯВИИ ХУРД, муассисаи молиявӣ. Шумораи бонкҳои маблағгузории хурд дар ҷаҳон меафзояд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 150 Бонки молиявии хурд фаъолият дорнад (2013). Вазифаи асосии Бонки молиявии хурд ба муҳлати муайян ба соҳибкорони хурду миёна додани кредитҳои хурд мебошад. Расмияти додани кредит то андозае сода карда шудааст. Аз Бонки молиявии …

Муфассал »

БОНКИ МИЛЛӢ

nas-bank

БОНКИ МИЛЛӢ, Бонки марказӣ, бонки давлатии асосии мамлакат, ҷузъи муҳимми системаи пулӣ-кредитии давлат. Бонки миллӣ вазифаҳои махсус дорад, ки яке аз онҳо барориши пул ва танзими фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ аст. Бонки миллӣ бонки бонкҳо буда, дастгири давлату ҳукумат дар робита ба гардиши пул ва идораи буҷа мебошад. Бонки миллӣ доир …

Муфассал »

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

nas-bank

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН, муассисаи мустақили бонкии Тоҷикистон (бонки марказии эмиссионӣ ва захиравии Ҷумҳурии Тоҷикистон), ки бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни 1991 дар заминаи Идораи Бонки давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҶШС Тоҷикистон ташкил карда шудааст. Соли 1991 «Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва соли 1996 «Бонки миллии Тоҷикистон» …

Муфассал »

БОНКИ КООПЕРАТИВӢ

kooperative-bank

БОНКИ КООПЕРАТИВӢ, муассисаи кредитдиҳаидаву молиявӣ, ки истеҳсолгарони маҳсулот бо роҳи ҳиссагузорӣ ташкил мекунанд ва мақсад аз он қонеъ гардонидани талаботи тарафайн барои гирифтани кредит ва дигар хадамоти бонкӣ мебошад. Бонки кооперативӣ як намуди бонки тиҷоратӣ буда, аз рӯйи принсипи соҳавӣ ва ҳудудӣ таш­кил карда мешавад. Бонки кооперативӣ моликияти кооперативии аъзои …

Муфассал »