Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

БОНКИ ҲИСОББАРОБАРКУНИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

sberegatelniy-bank

БОНКИ ҲИСОББАРОБАРКУНИҲОИ БАЙНАЛМИ­ЛАЛӢ, муассисаи байналмилалии молиявӣ, ки барои мусоидат намудан ба ҳамкории байналмилалии асъорӣ дар сатҳи бонкҳои марказии давлатҳои дар фаъолияти он ширкаткунанда таъсис ёфтааст. Бонки ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ  соли 1930 аз ҷонибн кишварҳои Белгия, Британияи Кабир, Олмон, Фаронса ва Итолиё ҳамчун бонк-ҳамоҳангсози ҳисобу китобҳои байналмилалӣ оид ба пардохтҳои репаратсияҳое, ки …

Муфассал »

БОНКИ ХОРИҶӢ

astra-bank

БОНКИ ХОРИҶӢ, бонке, ки пурра ё қисман ба сармо­яи хориҷӣ (хусусӣ, коллективӣ ё давлатӣ) тааллуқ дошта, асосан ба манфиати он хидмат мекунад. Бонкҳои хориҷӣ амалиёти тиҷоратии бурунмарзӣ анҷом дода, камбуд (дефитсит)-и тавозунҳои пардохт ва буҷаи давлатро маблағгузорӣ мекунанд, доираи фаъолияти корпоратсияҳои саноатии трансмиллиро васеъ намуда, амалиёти гуногуни дигар, масалан, маблағгузории …

Муфассал »

БОНКИ ФАРЪӢ

bonki-fari

БОНКИ ФАРЪӢ, ташкилоти мустақили бонкӣ, ки дар шакли ҷамъияти саҳомии кушода ё пӯшида, ё ҷамъияти масъулияташ маҳдуд фаъолият мекунад, вале ҳама ё қисми зиёди саҳмияҳо ба бонки асосии байналмилалӣ тааллуқ доранд. Бонки фаръӣ ҳамаи хидматрасониҳои бонкиро иҷро мекунад. Бонки фаръӣ чун ташкилоти мустақили бонкӣ бояд ҳама гуна талаботи қонунгузории маҳаллиро …

Муфассал »

БОНКИ УНИВЕРСАЛӢ

universal-bank

БОНКИ УНИВЕРСАЛӢ, бонке, ки дар доираи амалиёташ маҳдудиятҳои камтарин дорад. Ин бонкҳо имкон доранд, ки амалиёти муқаррарии бонки (додани қарз, амонатҳо, хидмати ҳисобдории хазинавӣ)-ро бо амалиёт тавассути коғазҳои қиматнок (даллолӣ, фаъолияти сар­моягузории бонкӣ) ҳамроҳ созанд, ширкатҳои ғайримолиявиро бевосита маблағгузорӣ намоянд, амалиёти суғуртавӣ доир намоянд ва ғайра Бонки универсиалӣ нисбат ба …

Муфассал »

БОНКИ УМУМИҶАҲОНӢ

world-bank

БОНКИ УМУМИҶАҲОНӢ (англ. World Bank ), созмони байналмилалии молиявӣ, ки бо мақсади расондани ёрии молиявӣ ва техникӣ ба кишварҳои рушдёбанда соли 1944 дар конференсияи Бреттон-Вуд (ИМА) таш­кил карда шудааст. Бонки Умумиҷаҳонӣ (дар баробари Хазинаи байнал­милалии асъор) яке аз созмонҳои бузурги молиявии ҷаҳон мебошад. Он бори нахуст ба кишварҳои Аврупои Ғарбӣ …

Муфассал »