Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОНКИ УМУМИҶАҲОНӢ

БОНКИ УМУМИҶАҲОНӢ

world-bankБОНКИ УМУМИҶАҲОНӢ (англ. World Bank ), созмони байналмилалии молиявӣ, ки бо мақсади расондани ёрии молиявӣ ва техникӣ ба кишварҳои рушдёбанда соли 1944 дар конференсияи Бреттон-Вуд (ИМА) таш­кил карда шудааст. Бонки Умумиҷаҳонӣ (дар баробари Хазинаи байнал­милалии асъор) яке аз созмонҳои бузурги молиявии ҷаҳон мебошад. Он бори нахуст ба кишварҳои Аврупои Ғарбӣ пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар пардохти қарз фаъолона ҳиссагузорӣ намудааст. Ҳадафхои Бонки Умумиҷаҳонӣ: мусоидат намудан ба ҷаҳонишавии устувор ба нафъи тамоми табақаҳои аҳолӣ; кам кардани сатҳи камбизоатӣ; суръатбахшӣ ба рушди иқтисодӣ бе расонидани зарар ба муҳити атроф; аз байн бурдани камбағалию гуруснагӣ, таъмини фарогирии маълумоти умумии ибтидоӣ; ташвиқи баробарӣ миёни зану мард ва васеъсозии ҳуқуқу имконоти занон; паст намудани сатҳи фавти кудакон, беҳсозии вазъи ҳифзи модарон; мубориза бо ВИЧ / СПИД, табларза ва бемориҳои дигар. Бонки Умумиҷаҳонӣ вазифаҳои ҷаҳонии рушди инсонро баррасӣ намуда, барои ниёзмандон бо фоизҳои паст қарз пешниҳод менамояд. Ду муассисаи бонкии бо ҳам зич алоқаманди он – Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд (ББТР) ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (АБР) барои кишварҳое, ки ба бозорҳои сармояи ҷаҳон дастрасӣ надоранд, бо фоизҳои паст, фоизи сифрӣ қарз ва ё кумаки бебозгашт (грант) медиҳанд. Бонки Умумиҷаҳонӣ бар хилофи муасссисаҳои дигари молиявии ҷаҳонӣ барои гирифтани фоида намекӯшад. Дар солҳои 1968-80 фаъолияти Бонки Умумиҷаҳонӣ барои расондани ёрӣ ба кишварҳои рушдёбанда равона гашта буд. Айни замон Бонки Умумиҷаҳонӣ дар сармоягузории беш аз 1800 лоиҳа дар тамоми соҳаҳои иқтисоди кишварҳои рушдёбанда, ба мисли Босния ва Ҳерсоговина, Гвинея, Бангладеш, Мексика, Тимори Шарқӣ, Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон амалан ширкат дорад. Бонки Умумиҷаҳонӣ дар бештар аз 100 кишвари ҷаҳон намояндагӣ дорад, ки дар онҳо зиёда аз 10 ҳазор нафар фаъолият мекунанд. Қароргоҳи асосии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Вашингтон аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 узви Бонки умумиҷаҳонӣ ва дар соли 1994 шомили Ассотсиатсияи байналмиллалии рушд (АБР) гардид. Намояндагии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон октябри 1996 таъсис дода шуд. Аз соли 1996 Бонки умумиҷаҳонӣ ба Тоҷикистон тақрибан 850 милли­он доллари ИМА қарз ва ёриҳои бебозгашт (грантҳо) ҷудо намудааст. Тақрибан 34 дарсади маблағи мазкур барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва деҳот ҷудо шудааст. Соҳаҳои асосии дигаре, ки дар ҷумҳурӣ тавассути АБР аз соли 1996 маври­ди дастгирии Бонки Умумиҷаҳонӣ қарор дода шуданд, сиёсати иқтисодӣ ва бахши давлатӣ (17%), энергетика (15%), соҳаи обтаъминкунӣ (15%), соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ (9%) ва соҳаи маориф (10%) мебошанд. Соли 2013 20-солагии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ чаши гирифта шуд.

Адабиёт: Britanica. Настольная энциклопедия. Москва, 2008; Деньги, кре­дит. банки (учебник) / Под ред. Жукова Е. Ф. Москва, 2009; Финансы. / Под ред. Архипова А. И., Погосова И. 3. Москва, 2009.

Ш. Раҳимзода.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …