Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

БОРСЕРКУНӢ

borserk%d0%b3ni

БОРСЕРКУНӢ, раванди коркарди кимиёию ҳароратӣ, сер гардондани сатҳи филиззу хӯлаҳо бо унсури бор ва дар вақти гармкунӣ ва дар муҳити фаъоли кимиёӣ нигоҳ донштан. Борсеркуниро бо мақсади зиёд намудани сахтӣ, гармитобоварӣ ва ба хурдашавӣ тобовар шудан мегузаронанд. Борсеркунӣ инчунин ба зангзанӣ тобовар шудани хӯлаҳои оҳанӣ дар муҳитҳои гуногуни фаъол ва …

Муфассал »

БОРРОМИНИ

borromini

БОРРОМИНИ (Borromoni; аслан Кастелли, Castelli) Франческо (25.9.1599-2.8.1667), меъмор, яке аз пешвоёни барокко (усули меъморӣ)-и итолиёӣ. Дар Милан касби сангтароширо омӯхт. Тақрибан соли 1620 ба Рум омад ва таҳти роҳбарии К. Мадерни, баъд Ҷ. Л. Бернини кор кард. Борромини тахайюлоти ғании ороиширо бо ҳисоби дақиқи ҳандасию ҳисобӣ тавъам намуда, тарҳҳои мураккаби …

Муфассал »

БОРПӮШ

arus

БОРПӮШ, навъе аз ҷиҳози арӯс, намуди санъати ороиши амалӣ. Борпӯш порчаи калони гулдӯзӣ ё сӯзанӣ аст, ки маъмулан барои рӯпӯшии тахти кӯрпаву болишти навхонадорон таҳия карда мешавад. Пас аз он ки арӯсро ба хонаи домод меоранд, қисме аз бисоти арӯсии ӯ, мисли кӯрпа, кӯрпача, болишт ба болои сандуқи чашнӣ (тӯйӣ) …

Муфассал »

БОРОНХОҲӢ

boronhohi

БОРОНХОҲӢ, истисқо, истимтор, маросими талаб кардани нузули борон дар мавридҳои ниёзи сахт ба он. Парастиши худоӣ борон ва эътиқод ба фуруд овардани борон аснои таъхири он миёни қавмҳову динҳои гу­ногун аз аҳди бостон роиҷ будааст. Масалан, дар «Вандидод» Аҳурамаздо ваъда медиҳад, ки ба замин борон биборонад, то барои мардуми имондор …

Муфассал »

БОРОНСАНҶ

boronsanj

БОРОНСАНҶ, боронсанҷи Третяков, дастгоҳ барои чен кардани боришоти моеъ ва дигар қатраҳои намноки аз фазо фурӯрехта. Боронсанҷ аз зарфи филиззии устувонашакли баландиаш 40 см, ғунҷоишаш 500 см2 буда, дар фосилаи 17 см аз таги он ҳоҷиз (диафаграмма)-и қифшакли сурохдор барои пешгирии бухоршавии боришот пайваст шудааст. Дар зери ҳоҷиз сурохи нулборик …

Муфассал »