Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

БОСВОРТ Клиффорд Эдмунд

c-e-bosworth

БОСВОРТ Клиффорд Эдмунд. (Bosworth Cliffort Edmunt) (таваллуд соли 1928, Шиффелд, Англия), профессор, узви Академияи Британия. Бахши шарқшиносии Коллеҷи шаҳри Оксфордро хатм кар­да, забонҳои арабӣ, форсӣ ва туркиро омухтааст. Доктори илмҳои таърих (1956). Босворт дар донишгоҳҳои Сент-Эндрюс (Шот­ландия), Торонто (Канада), Манчестер (Англия), Уэлс, Ҳарвард (ИМА) тадрис намудааст. Самти фаъолияти илмии Босворт …

Муфассал »

БОРШАГОВСКИЙ Александр Михайлович

borshargovskiy

БОРШАГОВСКИЙ Александр Михайлович (14.10.1913, ноҳияи Белая Серкови Украина – 4.5.2006, Маскав), шоир, адабиётшиноси рус. Хатмкардаи Институти театршиносии Киев (1935). Фаъолияти адабиаш аз соли 1933 оғоз ёфтааст. Нахустин асари бадеии мансураш (романи таърихии «Парчами Руссия») соли 1953 ба табъ расид. Баъдан роману повестҳо, осори адабиётшиноси дар мавзӯъҳои давраи шӯравӣ нигоштааст. Муаллифи …

Муфассал »

БОРУТ

borut

БОРУТ, омехтаи сахти тарканда, ки зуд даргирифта, гармӣ ва маҳсули газшакли зиёд хориҷ мекунад. Борут қабат ба қабат сӯхта, гармии ҳосилшударо низ аз қабат ба қабат мегузаронад. Суръати аланга ба таркиби Борут, ҳарорати аввала ва фишор вобаста аст. Борут ду гуна мешавад: бедуд (Борути пироксилинӣ, кордитҳо ва баллиститҳо) ва омехта …

Муфассал »

БОРУСӢ Салм

images

БОРУСӢ Салм (ё Солим) ибни Ҳасан, аз суфиёни асри 9-и Нишопур. Аз рӯйи маълумоти Самъонӣ дар китоби «ал-Ансоб» нахустин нафаре, ки аз Борусӣ ёдовар шу­дааст, Сулламӣ мебошад, ки дар «Таъриху-с-сӯфия» ӯро устоди ҳамдуни Қассор ва фарде мустаҷобуддаъва муаррифӣ кардааст. Китоби мазкури Сулламӣ дар даст нест, вале ӯ дар китоби дигари …

Муфассал »

БОРУДӢ

images

БОРУДӢ Олимҷон писари Муҳаммадҷон (1857, Қазон – 1921, Маскав), рӯҳонии мусулмон ва маорифпарвари Руссия. Баъди гирифтани таҳсилоти ибтидоӣ дар мадрасаи Гулбуюи Урал барои касби таҳсилоти олии динӣ ба Бухоро рафт ва муддати 7 сол дар он ҷо таҳсил кард. Баъди бозгашт ба ватан ба ҷорӣ кардани усули нави таълим пардохт. …

Муфассал »