Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

БОТЕ Валтер Вилҳелм Георг

bothe

БОТЕ Валтер Вилҳелм Георг (8.1.1891, Ораниенбург – 8.2.1957, Ҳайделберг), физики олмонӣ. Хатмкардаи курсҳои тайёрии мактаби муқаррарӣ дар Берлин (1908) ва Университети Берлин (1913). Дар мактаби олии кишоварзии Бер­лин дарс гуфтааст. Сипас, дар муассисаи физикаву техникии империявӣ ба ҳайси корманди илмии ёрирасон ва дар лабораторияи радиоӣ, ки Ҳ. Гейгер асос гузошта …

Муфассал »

БОТВИННИК Михаил Моисеевич

mikhail_botvinnik

БОТВИННИК Михаил Моисеевич (4.8.1911, шаҳри Куокала, Петроград – 5.5.1995, Маскав), шоҳмотбози рус, гроссмейстер» ИҶШС, устоди хидматнишондодаи варзиши ИҶШС (1945), гроссмейстери байналхалқӣ (1950). Чемпиони ҷаҳон (1948-57, 1958-60, 1961-63). Доктори илмҳои тех­никӣ (1951), профессор. Дар 12-солагӣ бо шоҳмот ошно шуд ва дар 14-солагӣ бори нахуст дар чемпионати ИҶШС иштирок кард. 7 карат …

Муфассал »

БОТАНИКА

botanika

БОТАНИКА (юнонӣ botane – сабза, гиёҳ, рустанӣ), маҷмӯи илмҳо дар бораи наботот. Сохт, афзоиш, инкишоф, густариш ва таoаввулу таснифи рустаниҳоро меомузад. Морфология, анатомия, ситология, гистология, эмбрио­логия, физиология, экология, геоботаника, география, па­леоботаника, систематика ва биохимияи рустаниҳоро дар бар мегирад. Ба илмҳои зерин ҷудо мешавад: алгология, микология, лихнология, бриология, микробиология, фи­топатология ва …

Муфассал »

БОТА ЛИВИУ

bota-leeviu

БОТА ЛИВИУ, Bota liviu (таваллуд 22.12.1936, Руминия), роҳбарӣ намояндагии нозирони СММ дар Тоҷикис­тон. Таҳсилоти олиро дар Бухарест касб карда, дар шаҳрҳои Бухарест, Маскав, Ню-Йорк ва Гаага ба таҳқиқоти илмӣ пардохтааст. Ширкаткунандаи конференсияҳо, симпозиумҳои байналмилалӣ ва байнидавлатӣ тахти сарпарастии СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ. Му­аллифи асар ва мақолаҳои гуногун доир ба …

Муфассал »

БОТ

bot-2

БОТ (англисӣ bot, кӯтоҳшудаи robot), интернет-бот, www- бот, барномаи махсус, ки амалеро ба воситаи интерфейсҳо (робит) чун истифодабаранда ба таври автоматӣ ё аз рӯйи феҳристи додашуда иҷро мекунад. Бот барнома-роботест, ки компютерро идора мекунад ё дар бозии компютерӣ нақши ҳарифро мебозад. Барнома-бот ба модули тафаққури сунъӣ асос ёфта, ба хусусиятҳои …

Муфассал »