Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

БОТТИЧЕЛЛИ Сандро

botticheli-sandro

БОТТИЧЕЛЛИ Сандро (аслан Алессандро Филиппепи) (1444, Флоренсия-1510, ҳамон ҷо), рассоми итолиёии даврони Эҳё. Дарси маҳоратро аз рассоми машҳур Филипо Липпи омӯхтааст. Бештар ба манзаранигорӣ ва порт­рет таваҷҷух дошт, ҳарчанд доманаи эҷодаш ниҳоят фарох аст. Аз асотир ва адабиёти атиқа бо маҳорати баланд истифода бурдааст. Мусаввараҳояш бо банду баст ва мувозинати …

Муфассал »

БОТСВАНА

botsvana

БОТСВАНА (Botswana), Ҷумҳурии Ботсвана, дав­лат дар Африқои Ҷанубӣ. Бо Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (ҶАҶ), Намибия, Замбия ва Зимбабве ҳамсарҳад буда, роҳи баҳрӣ надорад. Масоҳати он 600,4 ҳазор км2. Аҳоли­аш 2,1 млн нафар (2012). Пойтахташ шаҳри Габороне. Ба 9 округ (дистрикт) ва 5 шаҳри мунисипалӣ: Габороне, Франсистаун, Селеби-Пхикве, Лобатсе ва Ҷванен тақсим …

Муфассал »

БОТРИОМИКОЗ

botriomikoz

БОТРИОМИКОЗ (аз юнонӣ botrys – хӯша ва mykes – занбурӯғ), касалии сироятии музмини ҳайвонот. Ҳангоми Ботриомикоз бофтаи пайвандӣ бинобар илтиҳоб нумӯ ёфта, ба варам монанд мешавад. Ангезандаи Ботриомикоз занбурӯғи Botryomyes ascoformans аст. Он бештар дар ҷойҳои ба пӯст расидаи афзори асп, дар мушакҳо, роҳи нутфа, гиреҳҳои лимфавӣ ва пистон ҷой …

Муфассал »

БОТНИК

botnik

БОТНИК (шведӣ Bottniska viken, финӣ pohjanlahti), халиҷ дар қисми шимолии баҳри Балтика, байни Шветсия ва Финляндия. Дарозиаш 668 километр, бараш то 240 километр, масоҳаташ 117000 км2, умқаш дар шимол 110 метр, дар ҷануб то 290 метр. Ботник ба ду қисм ҷудо мешавад: шимол – Боттенвик (халиҷи Ботник) ва ҷануб – …

Муфассал »

БОТЛОҚ

boloto

БОТЛОҚ, қисми сернаму оби сатҳи Замин, ки дар он моддаҳои табиии напӯсида ҷамъ мешаванд ва баъдан ба торф мубаддал мегарданд. Оби Ботлоқ хокро сернам нигоҳ медорад. Дар чунин шароит дар ботлоқ набототи намидӯст месабзанд. Ботлоқ намиро нигоҳ дошта, кам бухор ме­кунад. Он бар асари васеъшавии ҳавзҳои об ва сернамшавии заминҳои …

Муфассал »