Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

БОҶИ СУДӢ

bochi-sudi

БОҶИ СУДӢ, навъи боҷ, иборат аз боҷи давлатӣ ва хароҷоти вобаста ба баррасии парванда, ки ҳангоми муроҷиат барои баррасии парвандаҳо дар судҳои Тоҷикистон аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пардохта мешавад. Андоза ва тартиби пардохти Боҷи судӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» муқаррар карда мешавад. Боҷи …

Муфассал »

БОҶИ ДАВЛАТӢ

gosudarstvennaya-poshlina

БОҶИ ДАВЛАТӢ, пардохти ҳатмӣ барои анҷом додани амалиёти дорои аҳаммияти ҳуқуқӣ ё додани ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ. Супорандагони Боҷи давлатӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки барои анҷом додани амалиёти дорои аҳаммияти ҳуқуқӣ ва до­дани ҳуҷҷатҳо ба мақомоти ваколатдор, ки Боҷи давлатиро меситонад, муроҷиат мекунанд. Дар Тоҷикистон Боҷи …

Муфассал »

БОҶИ ГУМРУКӢ

tamoz_poshlina

БОҶИ ГУМРУКӢ, дар ҳуқуқ, пардохти ҳатмие, ки аз тарафи мақомоти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба ҳудуди гумрукии ҷумҳурӣ ворид кардани мол ва содир намудани мол аз ин ҳудуд ситонида мешавад ва шарти ногузири чунин воридоту содирот мебошад. Ас­лан Боҷи гумрукӣ ҳангоми декларатсия кардани мол дар низомҳои гумрукӣ тибқи талаботи Кодекси …

Муфассал »

БОҶ

boch

БОҶ Бож, Боз (аз форсии қадими боҷӣ ва авестоии баҷ – тақсим кардан, қисмат кардан), навъе пардохти пулӣ, ки аз молҳои воридотӣ дар боҷхонаҳои бандарӣ ва сарҳаддии давлат ситонида мешуд. Ҳамчунин Боҷ мол ва пули нақде буд, ки ҳокимони маҳаллӣ ва амирон ба шоҳ мепардохтанд. Дар кишварҳои асримиёнагии Шарқ Боҷ …

Муфассал »

БОЧЧОНИ (Boccioni) Умберто

umberto-boccioni

БОЧЧОНИ (Boccioni) Умберто (19.10.1882-17.8.1916), рассом ва ҳайкалтароши итолиёӣ, яке аз пешвоёни футу­ризм. Дар авоили асри 20 ба символизм майл намуд («Саворагони Апокалипсис», 1908). Баъдтар ҷойи образҳои издиҳоми пурғавғоро («Шаҳри ба боло қоматафрохта», 1910-11) шаклҳои нимхаёлии «нерӯи тоза» («Динамизми футболбоз», 1913) гирифтанд, ки ин ба ҳайкалтарошии Боччони низ хос аст («Шаклҳои …

Муфассал »