Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

БОШҚИРДИСТОН

bashkiriya

БОШҚИРДИСТОН, Ҷумҳурии Бошқирдистои (бошқирдӣ Башкортостан Республикасы), субъекти Федератсия Руссия. Дар доманаи кӯҳи Урали Ҷанубӣ ҷойгир буда, аз шимол бо вилоятҳои Перм ва Свердловск, аз шарқ бо Челя­бинск, аз ҷануб бо Оренбург, аз ғарб бо Ҷумҳурии Тотористон, аз шимоли ғарб бо Ҷумҳурии Удмурдистон ҳамсарҳад аст. Мансуби округи федералии Приволжск. Масоҳаташ 143,6 …

Муфассал »

БОШҚАЛЪА

boshkala

БОШҚАЛЪА, деҳа дар ҷамоати деҳоти Ӯтақора Назарови ноҳияи Қубодиён. Аз Бошқалъа то маркази ноҳия 6 километр; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 5841 нафар (2012). Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, дорухона, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, муассисаи фароғатӣ, чойхона, 14 нуқтаи савдои ху­сусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ ва боғдо­рӣ. Заминҳо аз дарёи Кофарниҳон обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

БОШҚАЙНАР

deha

БОШҚАЙНАР, деҳа дар ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи Ёон. Аз Бошқайнар то маркази ноҳия 30 километр; роҳ асфалтпӯш, Аҳолиаш 3200 нафар (2012). Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, дорухона, бунгоҳи тиббӣ, клуб ва 2 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, боғдорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз нақби обии Вахш–Ёвон обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

БОШӢ

boshi

БОШӢ, пасванди баъзе исмҳо, ки аз истилоҳи туркии бош ба маънии сар ва бандаки нисбӣ таркиб ёфта, беш­тар маънии сардор, фармондеҳ ва сарварро ифода меку­над. Пас аз истилои муғул дар қатори дигар истилоҳоти туркӣ Бошӣ ҳамчун ҷузъи таркиби унвони шуғл, рутба ва мансаби дарборӣ ба забони форсӣ ворид гардид. Аммо …

Муфассал »

БОША

bosha

БОША, дар меъморӣ ҷузви ороишии сутунҳои чӯбӣ. сангӣ, хиштӣ ва бетонист. Баъзан сарсутун ё сари сутун ҳам мегӯянд. Боша бо шакл, андоза ва нигориш аз дигар сутунҳо фарқ мекунад ва ҳамин ҷиҳат дар санъати меъмории атиқа низ ривоҷ дошт. Чунончи, дар Юнони Қадим ва Руми Қадим се навъи Боша ионӣ, …

Муфассал »