Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

БОЯЗИДИ ДАВРӢ

boyazidi-davri

БОЯЗИДИ ДАВРӢ (Ҳирот – фавт 1576), хаттот, хушнавис ва шоири форс-тоҷик (асри 16). Дар Ҳирот ба камол расидааст. Баъд ба Ҳиндустон ҳиҷрат намуда, дар китобхонаи салтанатии Акбаршоҳ ба китобат машғул шудааст. Соли 1575 ба зиёрати ҳаҷ рафт ва дар бозгашт ба Ҳиндустон соли 1576 дар наздикии бандари Сурат ғарқ шуд. …

Муфассал »

БОЯЗИДИ БАСТОМИИ СОНӢ

boyazid-soni

БОЯЗИДИ БАСТОМИИ СОНӢ Абумуҳаммад Абуалӣ ибни Иноятуллоҳ, ориф, муҳаддис ва фақеҳи нимаи дуюми асри 16 ибтидои асри 17. Аз сол­ҳои зиндагиаш ҳамин қадар маълум аст, ки рисолаи «Қа­зо ва қадар»-и худро соли 1602 ба поин расонидааст. Соҳиби як қатор асарҳо дар мавзӯъҳои ақоид, фиқҳ, ҳадис, тасаввуф ва одобу ахлоқ мебошад. …

Муфассал »

БОЯЗИДИ БАСТОМӢ

boyazidi-bastomi

БОЯЗИДИ БАСТОМӢ, Абуязид Тайфур ибни Исо ибни Одам ибни Сурушон, лақабаш «Султону-л-орифин» ва «Бурҳону-л-муҳаққиқин» (фавт 857, Бастом), мутафаккири маъруф, асосгузори тайфурия, аз машоихи бузурги суфия, табақаи аввалӣ ва аз машҳуртарин орифони форс-тоҷик дар асрҳои 8-9. Аҷдоди пешини Боязиди Бастомӣ пайрави зардуштия буданд ва дар давраи ҳаёти бобояш аҳли хонадон дини …

Муфассал »

БОЯЗИДИ БАЁТ

bayazid-bayot

БОЯЗИДИ БАЁТ яке аз муаррихон ва ходимони силсилаи Темуриёни Ҳинд (асри 16). Зодгоҳаш Бухоро. Бародари Баҳром Саққоии Бухороӣ. Бинобар таҳаввулоти воқеаҳои сиёсии Мовароуннаҳр ба Машҳад сафар карда, дар мадрасаи он ҷо ба таҳсили илм пардохт. Боязиди Баёт дар Гардез ба хидмати шоҳзода Комрон Мирзо ворид гардида, муддате Ҳукумати Гардез, Нағаз …

Муфассал »

БОЯЗИДИ II

boyazid-2

БОЯЗИДИ II (1447-26.5.1512), султони империяи Усмониён (1481-151), писари калони султон Муҳаммади II ва ҳамзамони шоҳ Исмоили I Сафавӣ. Боязиди II аз рӯйи эътиқоди афзун ва пуштибонии тариқати динӣ лақаби «Валӣ»-ро соҳиб шудааст. Боязиди II ҳангоми рақобаташ барои тахту тоҷ бо бародараш Ҷам ба пуштибонии сипоҳиёни яккачини яничарҳо такя намуда, соли …

Муфассал »