Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МУНҶОҚТЕППА

munchokteppa2

МУНҶОҚТЕППА димнаи шаҳри қадимист (асрҳои 4—9) дар территорияи колхози ба номи Ленини вилояти Қӯрғонтеппа. Солҳои 1951—52 А.М. Манделштам ва С. Б. Певзнер ҳафриёт гузаронида, се қабати археологиро кашф намуданд, ки шартан Мунчоқ I-III  ном гирифт. Сатҳи Мунчоқтеппа  чоркунҷа буда, тақрибан 160Х X160 метр аст. Дар қабати Мунчоқ II биноҳои чоркунҷа …

Муфассал »

МУНҶОҚТЕППА

munchokteppa

МУНҶОҚТЕППА, димнаи шаҳри қадимист дар наздикии Бекобод. Дар территорияи ГЭС-и Фарҳод ҷойгир шу­дааст. Мунҷоқтеппа асрҳои 3—12 тараққӣ карда буд. Майдони Мунҷоқтеппа 4 гектар, ғафсии қабати археологии он 9—10 метр. Солҳои 1943—44 отряди махсуси археологӣ таҳти роҳбарии профессор В. Ф. Гайду­кевич ҳафриёт гузаронд. Шахр дар шакли мураббаъ (200X180 метр) бунёд гардидааст. …

Муфассал »

МУНҶИКИ ТИРМИЗӢ

person

МУНҶИКИ ТИРМИЗӢ  Абулҳасан Алӣ ибни Муҳаммад (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 10 форс-тоҷик. Мувофиқи тасдиқи соҳиби таърихи «Эҳё-ул-мулуке, дар қарияи Мунҷики Тирмиз таваллуд ёфтааст ва тахаллуси адабиаш ҳам ба зодгоҳаш нисбат до­рад. Мунҷики Тирмизӣ пас аз таҳсили илму дониш ва ҳамчун шоир шуҳрат ёфтан, муддате дар дарбори Чағониён, …

Муфассал »

МУНҶАК

muntjac

МУНҶАК (Muntiacus), ҷинси хайвони ҷуфтсумест аз оилаи гавазнҳо. Мунҷик (Muntiacus muntjak). Дарозии танааш 80—100 сантиметр ва баландии сари дӯшаш 45—58 сантиметр. Думи борику дароз, пашми кӯтоҳ ва нарм дорад, наринааш шохдор (дарозии шохаш то 15 сантиметр). Ранги Мунҷак ашдабии зардча ва баъзан қаҳваранги бӯртоб мешавад. 5 намуд до­рад. Бештар дар …

Муфассал »

МУНҶ

vicia-sativa

МУНҶ, мунч (Vicia sativa), гиёҳи як ё дусолаест аз оилаи лӯбиёиҳо. Баландиаш 20—100 сантиметр; пояиасо­сан рости сершохча, барги мураккаб (дарозиаш 4—10 сантиметр), ки аз 3—8 ҷуфт баргча иборат аст, гули гу- ногунранг, ғилофаки 4—12-тухма, тухми гуногунранг (ашҳабия сабзча, дорчинӣ, сиёҳтоб ва ғайра) дорад. Моҳхои апрел- июн гулу мева мекунад. Мунҷ …

Муфассал »