Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МУРҒИ ТӮФОН

murgi-tufon

МУРҒИ ТӮФОН як ҷинси паррандаҳои баҳриро гӯянд, ки ба Procellaridae мансуб аст. Дарозии танаш 55—105 сантиметр. Болҳои да­рози борик ва тез, нӯли чангакшакл, панҷаҳои дарози дорои пардаи шиноварӣ, пару боли зичи нуқратоб ё бӯр дорад. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР 13 намуд, аз ҷумла 4 намуди лонагузораш дар содилҳои …

Муфассал »

МУРҒИ СУЛТОНӢ

murgi-sultoni

МУРҒИ СУЛТОНӢ, сесарка (Numididae), оилаи паррандаҳои мурғмонанд. Дарозии баданаш 30— 75 сантиметр, калонҷусса, пойҳояш бақув- ват, cap ва қисми гарданаш бепар, параш сиёҳ ё хокистарранги чипор. 4 ҷинс ва 7 намуди Мурғи  султонӣ маълум аст. Дар Африка, ҷануби Саҳрои Кабир ва ҷазираи Мадагаскар маскунанд; эҳтимол ба Арабистони Ҷануби Ғарбӣ ва …

Муфассал »

МУРҒИ САҚҚО

pelican

МУРҒИ САҚҚО (Pelecanidae), як оилаи паррандаҳоро гӯянд, ки ба қатори белпойҳо мансубанд. Дарозии танаш 130— 180 сантиметр. Дар зери нӯлаш халтаи ка­лони ҳалқум до­рад. Болҳояш паҳн ва думаш кӯтоҳ, панҷаҳояш парда доранд. Па­ру болаш сафед, гулобӣ, хокистарранг, бӯр ва парҳои калонаш сиёҳчатобанд. 8 намуди Мурғи саққо дар нодияҳои мӯътадил ва …

Муфассал »

МУРҒИ САФЕДИ РУСӢ

russkaya_belaya_kurica

МУРҒИ САФЕДИ РУСӢ, зоти мурғги тухмдеҳ. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР бо роҳи ҷуфтии мурғи Леггорн бо мурғҳои маҳаллии районҳои марказии Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия ба вуҷуд оварда­анд. Ҳамчун зот соли 1953 тасдиқ шу­дааст. Пару бо­лаш сафед, пойҳояш зард. Вазни хурӯс 2,8—3 килограмм, мокиён 2,1—2,2 килограмм. Соле 180—190 …

Муфассал »

МУРҒИ МИНОРКА

minorka

МУРҒИ МИНОРКА, зоти мурғи тухмдеҳ (серпушт). Дар Испания (ҷазираи Менорка, Menorca) ба вуҷуд овардаанд. Тоҷаш калони баргшакл. Пойҳояш ашҳабии чипор. Аз 5—5,5- моҳагӣ тухм (соле 150—180) меку­над. Вазни тухмаш 60—65 грамм. Дар мамлакатҳои баҳри Миёназамин парва­риш мекунанд. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР аҳамияти хоҷагӣ надорад.

Муфассал »