Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МУХЧАЛОНӢ

mehchaloni

МУХЧАЛОНӢ, як навъ ангури миёнсолӣ. Селексияи халқӣ. Асосан дар водии Ҳисори Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, инчунин вилоятҳои Тошкент, Самарқанд ва Фарғонаи Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон паҳн шудааст. Токаш тезсабз, 35— 40%-и навдаҳояш ҳосилдеҳ. Баргаш калони 3 — 5-парра, мудаввар, гулаш дуҷинса, хӯшааш калону зичиаш миёна, 230— 730 грамм, баъзан то …

Муфассал »

МУХТОРОВ Аҳрор

muhtorov_ahror

МУХТОРОВ Аҳрор (таваллуд 5.11.1924, шаҳри Ӯротеппа), муаррихи советии тоҷик, доктори илмҳои таърих (1971). Аъзо-корреспондент Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон  (1978). Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС аз соли 1952. Баъди хатми мактаби миёна солҳои 1939—41 аввал донишчӯи факултети коргарӣ, баъд институти муаллимии Душанбе. Солҳои 1941—42 муаллими мактаби миёна, 1942—47 …

Муфассал »

МУХТОРИЯТ

muhtoriyat

МУХТОРИЯТ (аз арабӣ— ихтиёр кардашуда, соҳибихтиёр), ҳуқуқи худидоракунӣ, ҳалли мустақилонаи масъалаҳои давлатӣ дар доираи ҳуқукҳои худ. Мухторияти советӣ натиҷаи Револютсияи Октябр аст. Дар территорияи баъзе республикаҳои иттифоқи ғайр аз миллатҳое, ки номи онҳо ба республика гузошта шудааст, дигар халқҳои гурӯҳҳои миллӣ якҷоя зиндагӣ менамоянд, ки онҳо бо хусусиятҳои хоси тараққиёти …

Муфассал »

МУХТОРИЯИ ҚӮҚАНД

kokand

«МУХТОРИЯИ ҚӮҚАНД», ҳукумати буржуазии миллатчии Туркистон, ки Съезди 4-уми Фавқулодаи мусулмонони кишвар дар Қӯқанд (9—12 декабри 1917) эълон кард. Миллатчиёни Туркистон дар атрофи ташкилотҳои аксулинқилобии Алаш, Шурои исломия ва Шӯрои уламо муттаҳид шуда, шиори болшевиконро оид ба ҳуқуқи худмуайянкунии миллатҳо ба манфиати худ истифода бурданӣ шуданд. Онҳо Программаи дар Туркистон …

Муфассал »

МУХТОРИИ ҒАЗНАВӢ

nophoto

МУХТОРИИ ҒАЗНАВӢ Ҳаким Баҳоуддин ибни Умар (1081/82, Ғазна —1118/19, ҳамон ҷо), шоир ва донишманди форс-тоҷик. Аввалҳо «Усмон» тахаллус мекард. Мухтории Ғазнавӣ аз илмҳои нуҷум, ҳандаса, риёзиёт, тиб, ҳикмат, ҳадис, фиқҳ, адабиёти араб ва ғайра баҳравар будааст. Ҳарчанд ки бевосита шогирди Масъуди Саъди Салмон набуд, ӯро устоди худ дониста, дар баъзе …

Муфассал »