Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУХТОРИЯИ ҚӮҚАНД

МУХТОРИЯИ ҚӮҚАНД

kokand«МУХТОРИЯИ ҚӮҚАНД», ҳукумати буржуазии миллатчии Туркистон, ки Съезди 4-уми Фавқулодаи мусулмонони кишвар дар Қӯқанд (9—12 декабри 1917) эълон кард. Миллатчиёни Туркистон дар атрофи ташкилотҳои аксулинқилобии Алаш, Шурои исломия ва Шӯрои уламо муттаҳид шуда, шиори болшевиконро оид ба ҳуқуқи худмуайянкунии миллатҳо ба манфиати худ истифода бурданӣ шуданд. Онҳо Программаи дар Туркистон барҳам додани Ҳокимияти Советӣ, нест намудани ҳамаи ташкилотҳои револютсионӣ, ҳимояти молу мулки боёну феодалҳо, қонунҳои шариат, барқарор намудани хонии Қӯқанд, аз Россияи Советӣ ҷудо кардани Туркистон ва дар зери роҳбарии Туркия муттаҳид намудани ҳамаи мусулмононро ба миён гузоштанд. Ба «Мухторияи Қӯқанд». Мустафо Чӯқаев ва Ҷанишев роҳбарӣ мекарданд. «Мухторияи Қӯқанд» бо амири Бухоро, атаман А. И. Дутов ва полковник И. М. Зайсев оид ба амалиёти якҷояи зидди Ҳокимияти Советӣ забон як кард. Болшевикон бо сардории раиси Советӣ Қӯқанд Е. А. Бабушкин ва комиссари халқии меҳнати кишвари Туркистон П. Ғ. Полтораский дар байни омма моҳияти «Мухторияи Қӯқанд*-ро ошкор намуданд. Ба армияи «Мухторияи Қӯқанд* сардори д астаи босмачиён Эргаш роҳбарӣ мекард. Тарафдорони «Мухторияи Қӯқанд * 10—11 феврали 1918 кӯшиш намуданд, ки ба воситаи ярок қалъаеро, ки дар он роҳбарони Советҳо буданд, ба даст дароранд, вале ин кӯшиши онҳо натиҷае надод. 19—22 феврали 1918 баъди ҷангҳои шадид отрядҳои аскарони сурх якҷоя бо коргаронн Қӯқанд, «САНТО» ва «Қизил Қия» қувваҳои мусаллаҳи «Мухторияи Қӯқанд»-ро торумор намуданд. Эргаш бо дастаи хурди худ гурехт. 22 феврали 1918 шартномаи сулҳ ба имзо расид, ки баъди он ҳокимият пурра ба дасти Советҳо гузашт.

Адабиёт: 3 е в е л е в А. И., Из истории гражданской войны в Узбекистане. Ташкент. 1959. Ш. Чалилов, А. Қодиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …