Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МУШТАРӢ

jupiter

МУШТАРӢ (ар. лотинӣ Jupiter), Бирҷис, Ҳурмуз (g), панҷумин (аз рӯи масофа то Офтоб) ва калонтарин сайёраи системаи Офтоб. Аломати астрономиаш.^ . Дар атрофи Офтоб дар масофаи андаряк 5,203 в. а. (778 миллион километр) ҳаракат мекунад. Экссентриситети мадори Муштарӣ 0,048 буда, ҳамвории мадораш ба ҳамвории эклиптика ба андозаи 1,3° моил аст. …

Муфассал »

МУШТАКНАВАРД

mushtaknavard

МУШТАКНАВАРД, наварди тақсимот, наварди муштакдори мошин, ки ин ё он механизми мошин аз муштакҳои он бо тартиби муайян ба ҳаракат меоянд. Масалан, дар муҳаррики дарунсӯз Муштакнавард сари вақт кушода ва пӯшида шудани клапанҳои газтақсимкунандаро таъмин мекунад; дар насосҳои сӯзишворӣ бо таъсири муштакҳои Муштакнавард плунжерҳо ба кор медароянд. Муштакнаврдро аз пӯлод …

Муфассал »

МУШРИФОНА

Ìîíåòû è êàëüêóëÿòîð íà äèàãðàììå

МУШРИФОНА (аз арабь мушриф), як навъи андоз дар Осиёи Миёна, ки ба фоидаи мушриф аз дещқонон рӯёнида мешуд. Аз асри 13 то ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр ҷорӣ буд. Миқдори андоз дар ҷойщои мухталиф гуногун буда, аз ҳар хирмаи як корсон (қариб як пудро ташкил мекард) ғалла медоданд. Дар Дарвоз …

Муфассал »

МУШРИФ Мирзоқаландари Исфарагӣ

nophoto

МУШРИФ  Мирзоқаландари Исфарагӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), муаррих, шоири дарбор ва амалдори хони Ҳуқанд—Умархон (1810—22). Ӯ бо номи Мирзои Мушриф низ машҳур буд. Мушриф бо супориши Умархон «Зафарнома»-и Фазлии Намангониро, ки ба таърихи ҳукмронии Умархон бахшида шуда аст, ба наср мегардонад. Номи дигари ин асар «Таърихи Амир Умархонӣ» аст. …

Муфассал »

МУШРИФ

mushrif

МУШРИФ (арабӣ мудир, сардор), шахси соҳибмансаби дарбор, ки ҳамаи молу мулки амир ва аҳли дарбори онро ба ҳисоб мегирифт; 2) сар-котиби дафтархонаи подшоҳӣ, ки аз болои котибони ҳисобот назорат мекард; 3) нозир ба молу мулки девон; 4) амалдори идораи андоз.

Муфассал »