Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МУҒУЛИСТОН

mongolia-gorod

МУҒУЛИСТОН, Республикаи X а л қ и и Муғулистов (Бугд Найрамдах Монгол Ард Улс). Республикаи Халқии  Муғулистон РХМ (БНМАУ) — давлат дар Осиёи Марказӣ. Бо Иттифоқи Республикаҳои Советии  Сотсиалистӣ СССР ва Республикаи Халқии Хитой РХХ ҳамсарҳадаст. Масоҳат 1565 ҳазор километр2. Аҳолиаш  1,7 миллион нафар. (1981). Пойтахташ —  Улан-Батор (402,9 ҳазор …

Муфассал »

МУҒУЛИСТОН

mongolia

МУҒУЛИСТОН, вилояти таърихии муғулнишин дар ҳудуди ҳозираи | Республикаи Халқии Муғулистон, ки дар сарчашмаҳои хаттии асри 8 зикр шудааст. То асри 13 яке аз улусҳои муғул, дар асри 13 давлати аввалини феодалӣ буд. Дар давраи истилои муғул (асри 13) Империяи феодалии муғулҳо ташкил ёфт, ки он мамлакатҳои истилошударо дар бар …

Муфассал »

МУҒУЛ

mugul

МУҒУЛ, М е в а г у л, Мевағал, кӯҳест дар шимоли Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, дар соҳили рости дарёи Сир. Мевагул (Мевағал) будани номи ин кӯҳро ҳанӯз дар асри 14 Камоли Хуҷандӣ таъкид карда, дар яке аз ғазалҳояш гуфтаст: Дар илми мухаққиқон ҷадал нест, Аз илм мурод ҷуз амал …

Муфассал »

МУҒТЕППА

mugteppa

МУҒТЕППА, димнаи куҳандизи асри 5 то милод— асри 19 милод, ки дар теппаи Муғ дар канори шимоли шарқии Ӯротеппа воқеъ аст. О. И. Смирнова ва Н. Н. Неъматов солҳои 1950—*74 дар Муғтеппа ҳафриёт гузарониданд. Масоҳати Муғтеппа 6 гектар буда, бо деворҳо иҳота гардидааст, ки дарозиаш тақрибан 600 метр мебошад. Баландин …

Муфассал »

МУҒСУ

mugsu

МУҒСУ, дарёест дар pайони Ҷиргатоли Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Аз як шудани дарёҳои Селдара ва Савуқсой ба вуҷуд омада, аз водии тангу чуқури байни қаторкӯҳҳои Паси Олой ва Пётри I ҷорӣ мешавад. Дар наздикии деҳаи Домбрачӣ бо дарёи Қизилсу як шуда Сурхоб ном мегирад. Тӯлаш 88 километр, масоҳати ҳавзааш 7070 …

Муфассал »