Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МАВЛАВИЯ

МАВЛАВИЯ силсилаи тасаввуф, ки асри 13 аз тарафи Ҷалолуддини Румӣ таъсис ёфта, дар Шарқи Миёна ва Наздик маълуму машҳур буд. Барои азуш Мавлавия рақсу самоъи пуршӯр, ки рамзи гардиши афлоку ҷирмҳои осмонист, хос аст. Пайравони Мавлавия дар атрофи шайх давр зада, ба истилоҳи халқӣ чахр кашида, ба саодати рӯҳонӣ наздик …

Муфассал »

«МАВЛАВИЁТ»

mavlaviyot

«МАВЛАВИЁТ» 1) оҳанг, таронаи қадимии маросимӣ; 2) таронаи машҳури ахлоқӣ-тасаввуфӣ, ки асри 14 ва ибтидои асри 15 ба шарафи Абдурраҳмони Ҷомӣ бо унвони «Нақши Мавлавӣ» эҷод шуда, хислатҳои неки инсониро тавсиф мекардааст; 3) шӯъбаи созии мақомӣ (дастгоҳӣ) «Ҳумоюн» (Эрон), ки пеш аз шӯъбаи «Чаковак» иҷро мешавад. Мавиз чун таронаи алоҳида …

Муфассал »

МАВИЗ

maviz

МАВИЗ, ангури хушкида, аз навъҳои ангури мавизбоб тайёр мекунанд. Мавиз якчанд хел мешавад: бедона — кишмиши сафеди дар офтоб бе истифодаи ишқору буш сулфур хушконида; сабза — кишмиши сафеди ба махлули ишкор (махлули 0,2—0,4-фоизаи содаи каустикӣ) тар карда дар офтоб хушконида; барои рангдор шудани Мавиз ангурро (дар ҷевон ё хонаи …

Муфассал »

МАВЗӮЪ

mavzu

МАВЗӮЪ (ар. вазъ кардашуда), объекти тасвири бадеӣ, доираи ҳодисаҳои ҳаёт, ки нависанда ё рассом дар асараш тасвир намудааст. Мавзӯъ бо мундариҷаи ғоявӣ алоқаи узвӣ дошта, масъалаи асосии асарро низ мефаҳмонад. Мавзӯъ берун аз образи бадеӣ ва сюжети асар вуҷуд надорад. Ҳар як асари бадеӣ ба ғайр аз мавзӯи асосӣ, инчунин …

Муфассал »

МАВЗУН

nophoto

МАВЗУН Мулло Муҳаммад Исои Бадахшонӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 10 тоҷик. Дар Бухоро таҳсил карда, чанд соли ҳаёташро дар мадрасаи Кармина гузаронидааст. Бино ба маълумоти тазкираи Афзалмахдуми Пирмастӣ, бо дарбори амир Ҳайдар алоқа дошта, баъдтар ба дарбори беки Ҳисор Абдулкаримхон омадааст. Мавзун табъи расо дошта, бештар ғазалҳои …

Муфассал »